Дар мусобиқаи варзишии Тоскулоҳи бузурги Тифлис ё Tbilisi Grand Slam 2022 , ки аз 3 то 5 июн дар пойтахти Гурҷистон баргузор мегардад, Тоҷикистонро 9 ҷудокори ҷавон муаррифӣ хоҳанд кард. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки дар ин мусобиқа 287 ҷудокор аз 38 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.
Гуруҳи фейсбукии "Tajik sport" ному насаби паҳлавони тоҷикро, ки дар ин сабқатҳо ширкат мекунанд, нашр кардааст.
Шаҳбоз Саидаброров яке аз ширкаткунадагони ин мусобиқот аст, ки соли гузашта ҳам ин мусобиқа дар вазни – 60 кг ширкат ва соҳиби медали биринҷӣ гардида буд. Шаҳбоз акнун дар - 66 кг ҳунарнамоӣ мекунад.
Имсол, Тоҷикистонро дар вазни - 60 кг дар ин мусобиқа барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷавонони Осиё Эмомалии Нуралӣ намояндагӣ хоҳад кард .
Маҳмадшариф Наҷмиддинов, қаҳрамони самбои ҷавонони ҷаҳон, мулаққаб ба "Хирс" дар вазни - 73 кг баромад мекунад. Сарахонов Маҳмадраҳим, ки дар гузашта дар Гранд Слами Боку, Абузаби ва Ҷоми Африқо ширкат намуда буд, аз дигар ширкаткунандагони вазни -73 кг ин мусобиқа мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар вазни - 81 кг Шодмон Ризоев ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов дар ин мусобиқа ширкат мекунанд. Кароматулло Ҳакимови 28-сола, ки дар гузашта чанд бор қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон шудааст, дар вазни - 90 кг дар ин мусобиқа ба майдон меояд.
Абубакри Акобир ва Мансури Раҳмон, ки ҳарду унвони қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон доранд, дар вазни - 100 кг дар ин мусобиқа ширкат хоҳанд кард.
Ширкати 9 ҷудокори ҷавони тоҷик дар яке аз мусобиқаҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки дар гузашта дар чунин мусобиқаҳо варзишгарони номдор ва ботаҷриба ширкат мекарданд ва шояд ин бори аввал аст, ки чеҳраҳои наву ҷавон Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд.
То ҳол, Тоҷикистон аз мусобиқоти Гранд Слам нуҳ медал дорад, ки чаҳортояш мутаалиқ ба Темур Раҳимов ва яктоӣ Сомон Маҳмадбеков, Беҳрузи Хоҷазода, Саидаброров Шаҳбоз, Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.




Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста