Дар шаҳри Душанбе, 2-юми феврал, байни Федератсияи гӯштини Тоҷикистон ва мураббии нави дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ — гӯштингири маъруфи тарзи озод, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекин-2008, чемпиони Осиё-2003 ва барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон-2007 дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ҳоло мураббӣ Юсуф Абдусаломов созишномаи корӣ ба имзо расид.

Гуфта мешавад, роҳбарияти Федератсияи гӯштини Тоҷикистон номзадии Юсуф Абдусаломовро ба вазифаи мураббии дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба гӯштини озод тасдиқ кард.

Сурат: Федератсияи гӯштини Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки 28-29-уми январ дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон-2023 оид ба гӯштин (тарзи озод ва юнонӣ-румӣ) байни калонсолон баргузор гардид. Ғолибон ва беҳтарин гӯштингирони ин чемпионат имкони шомил шудан ба дастаи миллии Тоҷикистонро пайдо карданд.

Чемпионатро барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2008 оид ба гӯштини тарзи озод дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, собиқ мураббии дастаҳои мунтахаби Лаҳистон ва Маҷористон Юсуф Абдусаломов роҳбарӣ намуд.

Варзишгароне, ки дар он унвони қаҳрамонӣ ба даст оварданд, моҳи март Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор мегардад, муаррифӣ мекунанд.

Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду легионери доғистонитабор — Абдулмаҷид Кудиев дар вазни 65 кило ва Магамет Евлоев дар вазни 74 кило иштирок намуда, унвони чемпиониро соҳиб шуданд. Онҳо аз ин пас зери Парчами Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Юсуф Абдусаломов зодаи Доғистон буда, аз соли 2003 то 2013 узви тими гуштии озоди Тоҷикистон буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.