Мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шуд. Қаблан ӯ дар ситоди собиқ сармурабии даста Петр Шегрт кор мекард. Бо ин ситод футболбозони тоҷик то давраи чаҳорякниҳоии мусобиқаи Ҷоми Осиё дар Қатар расиданд.

Тамоми ҳайати ситоди мунтахаби Тоҷикистон, ки тайи ду соли ахир кор мекард, ба корашон дар даста идома медиҳанд.

Мутахасиси дигари гурҷӣ Тамаз Бокерия ёвари Шекиладзе буда, Алишер Тӯйчиев мураббии дарвозабонон боқӣ мемонад.

Чаро Петр Шегрт дастаро тарк кард? Оё акнун мунтахаби Тоҷикистон аз уҳдаи иҷрои вазифаҳояш мебарояд? Аз Гела Шекиладзе чиро метавон интизор шуд? Дар ин бора ба “Азия-Плюс” собиқ бозингари дастаи “Помир” ва мурабии мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал Дамир Камолиддинов изҳори назар кард.

“Оё дуруст аст, ки Петр Шегрт пас аз Ҷоми Осиё дар авҷи шуҳрат дастаро тарк кард? Ӯ мураббии оқил аст. Баъди иҷрои кор рафт. Дар пеш бозиҳои хеле душвор, муҳимтар аз Ҷоми охирини Осиё ҳастанд.

Мо бояд ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирем. Аммо ӯ воқеъбин аст: ду вохӯрӣ дар пеш аст, ки роҳ ёфтан ба чемпионати ҷаҳон аз бисьёр ҷиҳат ба онҳо вобаста аст. Барои ин миллионҳо сомонӣ маблағгузорӣ шудааст ва бо дастаҳое, ки онҳо низ ҳадафҳои баланд доранд, вохӯриҳои муҳим баргузор мешаванд.

Ва мураббӣ Шегрт ва агенти ӯ танҳо як интихоб доштанд: ё бо шартҳои дигар бо қарордоди нав корро идома медиҳанд ё дигар пешниҳодҳоро мепазиранд. Ӯ дуюмро интихоб кард. Фикр мекунам, ки Шегрт бекор намемонад. Ӯ кори худро барои мо комилан иҷро кард”, - гуфт Камолиддинов.

Петр Шегрт пас аз Ҷоми Осиё қарордодро тамдид карданӣ буд, лекин бо шартҳои хубтар. Дар Тоҷикистон ба ин розӣ нашуданд. Дар пеш ду бозӣ бо Арабистони Саудӣ баргузор мешавад ва шикастро ба Шегрт намебахшиданд.

Ба ақидаи Камолиддинов, мураббии хорватӣ инро хуб мефаҳмид. Дар ҳамин ҳол, қаблан дар ҳеҷ ҷойе беш аз ду сол кор накардааст. Мунтахаби Тоҷикистон низ истисно нест.

“Ба ақидаи ман, мураббӣ қарор кард, ки ӯ дар ҳар сурат ба чизи бештаре сазовор аст. Ин як вокуниши муқаррарӣ ба иҷрои вазифаҳост. Бовар дорам, ки маоши Хосеп Гвардиоларо низ зиёд мекунанд, агар ӯ имсол дар Премйер-лигаи Англия ва Лигаи қаҳрамонҳо ғолиб шавад. Ин дар ҳама ҷо кори маъмулист. Корфармоён розӣ намешаванд, лекин онҳое ёфт мешаванд, ки шартҳои онҳоро иҷро мекунанд. Ин воқеияти футболи муосир, муносибатҳои муқаррарии корӣ аст.

Чизи дигар мураббии нав аз Гурҷистон Гела Шекиладзе. Ӯ кист? Оё ӯ Петр Шегртро иваз карда метавонад? Ба гумони ғолиб, ҳа”.

Гела Шекиладзе
Сурат: ФФТ

Камолиддинов бар ин назар аст, ки аввалан, ӯ муддати зиёд дар ситоди Шегрт дар дастаҳои гуногун, дар куҷое набошад, кор кардааст. Сониян, тарзи кори мураббии хорватиро хеле хуб медонад. Сеюм, дар давоми ду соли кораш ба ҳайси ёвари Петр Шегрт тамоми футболбозони Тоҷикистонро хуб омӯхт.

Ба гуфтаи ӯ, ба Гела Шекиладзе барои мутобиқшавӣ ва дигар нозукиҳое, ки барои мутахассиси дигар лозиманд, вақти зиёд лозим нест.

"Рости гап, ман то ҳол дар бораи чӣ гуна мураббӣ будани ӯ чизе намедонам, ӯ ҳамеша ёвари Петр Шегрт буд ва бори аввал дар фаъолияташ ба кори сармураббигӣ мегузарад. Аммо дар айни замон мехоҳам, ки ӯ муваффақ шавад. Ва оё ин тавр мешавад ё не, дар моҳи март пас аз ду бозӣ бо Арабистони Саудӣ маълум хоҳад шуд", - афзуд мутахассис.

Қобили зикр аст, ки таҳти раҳбарии сармурабии нав мунтахаби Тоҷикистон пеш аз бозиҳои марҳилаи интхобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" бо Арабистони Саудӣ дар Давҳа ҷамъомади даҳрӯза баргузор мекунад.

Аз 9 то 18 март футболбозони тоҷик дар Қатар машқу тамрин мекунанд. Сипас онҳо аз Давҳа ба бозии даври сеюм бо Арабистони Саудӣ ба Ар-Риёз раҳсипор мешаванд. Ин вохӯрӣ рӯзи 21 март дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳи Саудӣ доир мегардад. Оғози бозӣ соати 00:00 ба вақти Душанбе.

Баъдан мунтахаби Тоҷикистон ба Душанбе баргашта, бозии навбатии давраи чорумро бо Арабистони Саудӣ мегузаронад. Ин бозӣ рӯзи сешанбе, 26 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, соати 20:00 оғоз мешавад.

Дар бораи Гела Шекиладзе чӣ маълум аст?

Ӯ 14 марти соли 1970 дар шаҳри Батумии Ҷумҳурии Шӯравии сосиалистиии Гурҷистон таваллуд шудааст.

Дар куҷо бозӣ кардааст.

Соли 1989 - “МЦОП” (Тифлис) дар Лигаи дуюми Иттиҳоди Шӯравӣ;

Соли 1990 - дастаи “Батуми” дар Лигаи олии Гурҷистон ва дар мавсими аввали худ бозигари асосии “Динамо” шуд;

Солҳои 1196-1997 - медали биринҷии чемпионати миллӣ:

Солҳои 1997-1998 - медалҳои нуқраи чемпионати Гурҷистон, дорандаи Ҷоми Гурҷистон ва  Суперҷоми ин кишвар.

Дар мусобиқаи Чемпионати Гурҷистон 239 бозӣ гузаронида, ба задани 7 гол ноил гардидааст.

Тобистони соли 1998 ба дастаи "Льерс"-и Белгия гузашта, дар мавсими 1998/99 бо ин даста ба Ҷоми Белгия ва Суперҷоми Белгия соҳиб шуд. Тобистони соли 2002 ба дастаи дигари Белгия - “Руселаре” мегузарад.

Соли дигар бозигари “Арсенал”-и Киев мешавад. Дар ин ҳайати ин даста дар Чемпионат ва мусобиқаи Ҷоми ин кишвар 16 бозӣ гузаронидааст. Соли 2004 дар ҳайати тими ЦСКА-и Киев бозӣ карда, бо ҳамин ба футболбозӣ хотима бахшидааст.

Дар ҳайати мунтахаби футболи Гурҷистон бори нахуст 30 марти соли 1997 дар вохӯрии дӯстона ба Арманистон (7:0) бозӣ кардааст. Дар бозиҳои давраи инитихобии Чемпионати ҷаҳон-1998 ва Чемпионати Аврупо-2000 иштирок кардааст. Дар ҳайати тим мунтахаб Шекиладзе 22 бозӣ гузаронидааст.

Кори мураббигӣ:

Соли 2015 Шекиладзе иҷозатнома (литсензия)-и UEFA Pro-ро соҳиб шуд. Дар соли 2006 иҷотаномаи мураббигии УЕФА ва соли 2008 иҷозатномаи мураббигии УЕФА “А”-ро гирифтааст. Соли 2012  мураббии барномаҳои иҷозатномаи мураббигии УЕФА “В” ва “А” шудааст. То соли 2017 ӯ конфронсу семинарҳо, инчунин имтиҳонҳои расмии УЕФА-ро дар шаҳрҳои гуногуни Гурҷистон баргузор мекард.

Аз соли 2007 Шекиладзе мурабии мунтахаби синнусоли гуногуни Гурҷистон мешавад. Солҳои 2007-2008 ёвари мураббии дастаи синни то 21-сола буд. Аз соли 2008 то 2011 ба ҳайси сармурабии мунтахабҳои синни то 17, 19, 15 ва 16-сола кор кардааст.

Солҳои 2013-2017 Шекиладзе мудири варзишӣ ва менеҷер оид ба рушди футболи ҷваонони “Динамо”-и Батуми буд.

Солҳои 2015-2016 ба Петр Сегрт дар мунтахаби Афғонистон кумак мекард. Аз 8 бозии расмӣ дар 6-тоаш онҳо ғалаба ба даст оварданд. Дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 даста се бор пирӯз шуд. Он сол муваффақтраин барои мунтахаби Афғонистон дониста шуд.

Дастовардҳо:

"Динамо" (Батуми): медали нуқраи чемпионати Гурҷистон-1997/98; медали биринҷии чемпионати Гурҷистон-1996/97; дорандаи Ҷоми Гурҷистон: 1997/98; Суперҷоми Гурҷистон: 1998.

"Льерс": дорандаи Ҷоми Белгия: 1998/99, дорандаи Суперҷоми Белгия: 1999,

Соли 2024 дар ситоди Петр Сегрт бо мунтахаби Тоҷикистон то даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё расид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.