Фаридун Одилов, размикори тоҷик дар мусобиқаи "АСА 190" дар Маскав бо бартарии зиёд бар ҳарифи худ аз Бразилия Леонардо Силва дастболо шуда, мақоми номзад ба қаҳрамонӣ дар ин дивизионро ба худ баргардонид.

Рақобат бо ҳисоби 30-26 ба фоидаи Одилов ба итмом расида, ҳар се довар пирӯзиро ба размикори тоҷик сазовр донистанд. Барои Силва ин бохти 8-ум дар давраи ҳунарнамоияш буда, Фаридун дар 24 рақобат 19 бор пирӯзӣ ба даст овардааст.

Фаридун Одилов
АСА

Ин бозгашт маънои рамзӣ дошт. Баъди бохт аз Адлан Иброҳимов дар моҳи декабри соли 2024 бисёриҳо аз заъфи ҳунарнамоии Фаридун Одилов изҳори назар мекарданд. Аммо набард бо Силва хотиррасон кард, ки чаро ӯро "Терминатор" меномиданд.

Фаридун Одилов пас аз рақобат гуфт, ки "ман намехоҳам дар бораи нақшаҳоям гап занам, зеро онҳое, ки ман мехоҳам бо онҳо рақобат кунам (Адлан Иброҳимов ва Муслим Магомедов), байни худ рақобат доранд. Бигзор рақобат кунанд, баъд ба мо имконият диҳед, ки дубора барои камарбанди қаҳрамонӣ мубориза барем"!.
Фаридун Одилов
Акс аз АСА

Фаридун Одилов 12 августи соли 1992 таваллуд шудааст. Ӯ ҳунарнамоии худро ба сифати самбочӣ оғоз намуда, 5 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шудааст ва дар арсаи байнулмилалӣ низ медалҳо ба даст овардааст. Медали нуқра дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё (2017); медали биринҷии Бозиҳои Осиё дар дохили бино (2027); иштирок дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиёи оид ба гӯштини тарзи озод (2019) ва унвони қаҳрамони "Eagle Fighting Championship" дар вазни миёна.

Фаридун Одилов
Сурат аз АСА

Аз соли 2016 дар лигаи касбии ММА ҳунарномоӣ дошта, аз промоушенҳои "WFCA", "Fight Nights Global", "Gorilla Fighting" гузаштааст. Таҷриба аз гӯштинирӣ ва самбо барои ба зинаҳои нави касбӣ роҳ ёфтани ӯ кумаку мусоидат карданд.

Пас аз чунин  пирӯзии қавӣ Одилов дилпурона ба сафи баргузидаҳои дивизиони вазни миёнаи вазнини "АСА" баргашт. Номи ӯ боз миёни довталабони имконпазир барои дарёфти қаҳрамонӣ садо медиҳад ва ҳарифон маҷбуранд, ки инро ба инобат гиранд: ин размикор пас аз нокомиҳо метавонад дубора қомат рост кунад ва боз ҳам пурқуваттар шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.