Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гела Шекиладзе ҳайати дастаро барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Nations Cup 2025», ки аз 29 август то 4 сентябр дар Ҳисор баргузор мешавад, эълон кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, ба дархости васеи даста 35 футболбоз шомил аст, аммо ҷамъомади тамринӣ, ки 25 август оғоз шуд, бо ширкати 23-нафар оғоз мешавад.
Гуфта мешавад, айни замон бархе аз бозигарони мунтахаби кишвар ба ҳайати тими олимпии Тоҷикистон ҷалб шудаанд, ки ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мебинад. Дар робита ба ин, чанд бозигари тими олимпӣ метавонанд дар ҷараёни мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» ба мунтахаби асосӣ ҳамроҳ шаванд.
Зимнан зикр мегардад, ки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Ҳиндустон (29 август), Афғонистон (1 сентябр) ва Эрон (4 сентябр) рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар Ҳисор баргузор мешаванд. Бозии аввал бо Ҳиндустон соати 20:30 оғоз мешавад.
Барои футболбозони тоҷик иштирок дар мусобиқаи CAFA Nations Cup на танҳо як имконест барои санҷидани тавону нерӯ пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё, балки мустаҳкаму қавӣ гардонидани ҳамкории мутақобилаи бозингарон дар бозӣ аст.
Сармураббии даста Гела Шекиладзе изҳор намудааст, ки вазифаи даста мубориза барои пирӯзӣ буда, ҳамчунин ба футболбозони ҷавон ҷиҳати нишон додани маҳорату малакашҳои худ имкон дода мешавад.
Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи CAFA Nations Cup 2025
Дарвозабонон: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Туран Товуз», Озарбойҷон), Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Далер Азизов («Ҳосилот»).
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов («Сипоҳон», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиён», Ӯзбекистон), Ахтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов (ҳама аз «Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода («Равшан»), Далер Имомназаров («Регар-ТадАЗ»).
Нимҳимоятгарон: Парвиз Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама аз «Истиқлол»), Шервони Мабатшоев («Регар-ТадАЗ»), Алишер Шукуров («Хуҷанд»), Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»), Меҳрон Мадаминов («Барқчӣ»).
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Хоразм», Ӯзбекистон), Рустам Соиров («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»), Шериддин Бобоев («Равшан»).





“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста