Дар бозии даври охири марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои "CAFA-2025" дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Эрон мусовӣ кард. 

Ин дидор шаби гузашта дар шаҳри Ҳисор сурат гирифта, бо натиҷаи 2:2 ба поён расид. Дар қисми аввали бозӣ Эрон ба дарвозаи Тоҷикистон ду гол зад, вале баъдан миллипӯшони тоҷик бо голҳои задаи Шаҳром Самиев ва Зоир Ҷӯрабоев натиҷаро баробар карданд. 

Акс аз CAFA

Қобили зикр аст, ки ин аввалин мусовии Тоҷикистон дар таърихи бозиҳо бо тими пурқуввати Эрон аст, вале ин ҳам имкон надод, ки футболбозони тоҷик ба марҳилаи баъдӣ (плей-офф) роҳхат гиранд. 

Беҳтарин футболбози ин дидор Зоир Ҷӯрабоев дониста шуд. Ӯ як гол зада, як паси голӣ ҳам анҷом дод. 

Дар ду вохӯрии аввали даври гурӯҳӣ Тоҷикистон ғайриинтизор аз тими Ҳиндустон (1:2) шикаст хӯрда, дастаи Афғонистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Акс аз CAFA

Ба ин тариқ, дар гурӯҳи “В” тими Эрон бо 7 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифта, дар бозии финалии мусобиқа бо дастаи аввали гурӯҳи “А” рақобат мекунад. Ҳиндустон бо 4 имтиёз зинаи 2-юмрои касб карда, барои ҷойи сеюм бозӣ мекунад. Дар зинаҳои охири гурӯҳ Тоҷикистон (4 имтиёз) ва Афғонистон (1 имтиёз) қарор гирифтанд.

Акс аз CAFA

Мусобиқаи "CAFA Nations Cup" барои мунтахаби Тоҷикистон охири мавсим набуда, як марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба давраи интихобии Ҷоми Осиё-2027 аст. Моҳи октябр футболозони тоҷик бо тими Малдив ду вохӯрӣ ва моҳи ноябр дар сафар бо Тимори Шарқӣ бозӣ карда, дар вохӯрии охири даври интихобӣ - моҳи марти соли 2026  Филиппинро дар майдони худ қабул мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.