Дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни ҷавонон, ки дар Индонезия баргузор гардид, варзишгарони Тоҷикистон 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд.  Дар ин мусобиқа миёни 21 кишвар Тоҷикистон ҷои 8-умро гирифт.

Дар ин мусобиқат, ки рӯзҳои 13-14-уми сентябр дар шаҳри Ҷакарта баргузор шуд, 198 варзишгар аз 20 кишвари Осиё иштирок доштанд. Мунтахаби Тоҷикистонро 6 ҷудокор (5 писар ва 1 духтар) муаррифӣ карданд.

Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг аз байни духтарон ба нимфинал расида, дар бозии ниҳоӣ ҳарифи ҳиндиашро шикаст дод ва медали биринҷиро аз худ кард. Ин бонуи варзишгар чанд рӯз пеш дар Қаҳрамонии ҷудони Осиё миёни наврасон медали тилло гирифта буд.

Мадина Қурбонзода
Акс аз ТВ "Варзиш"

Дар сабқати писарон, Икром Шамсов дар вазни то 60 кг роҳи душворро паймуда, дар даври ниманиҳоӣ аз ҳарифи ӯзбекаш шикаст хӯрд, вале дар бозии барои медали биринҷӣ варзишгари ҳиндустониро мағлуб кард ва соҳиби нишони биринҷӣ гардид.

Икром Шамсов
Акс аз ТВ "Варзиш"

Абдулло Лоиқов дар вазни то 81 кг дар давраҳои ибтидоӣ як ғалаба ва як мағлубият дошт, аммо дар охир бар ҳарифи чиниаш пирӯз шуда, медали биринҷиро ба даст овард.

Абдулло Лоиқов
Акс аз ТВ "Варзиш"

Умар Шеров дар вазни то 66 кг то даври тасаллобахш расид, аммо дар бозии ниҳоӣ барои медали биринҷӣ ноком шуда, мақоми панҷумро ишғол кард. Муҳаммадин Лоиқов дар вазни то 73 кг дар даври тасаллобахш аз мусобиқот хориҷ шуд.

Дар ин рӯз ҷудокори дигари ҷавони тоҷик Суруш Саломов дар вазни то 90 кг ҳам ба рақобат пардохт. Аммо дар даври аввал шикаст хӯрда, имкони мубориза барои медалро аз даст дод.

Дар ин мусобиқа қарор буд Тоҷикистонро 10 варзишгари ҷавон муаррифӣ кунанд. Аммо 4 нафари онҳо - Фирӯз Маҳмадбеков (-73 кг), Муслим Маҳмадбеков (-90 кг), Александра Кан (-57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) ба далели таъхир дар парвоз натавонистанд, ки дар мусобиқа ширкат кунанд.

Дар ҷадвали умумии медалҳо мунтахаби Ӯзбекистон бо 14 медал (8 тило, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи якум, Кореяи Ҷанубӣ бо 8 медал (3 тило, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва Ҳиндустон бо 6 медал (2 тило, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо 3 медали биринҷӣ ва 1 мақоми панҷум миёни ҷавонон дар байни 20 тим мақоми ҳаштумро касб кард.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони навраси Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки 11-12-уми сентябр дар пойтахти Индонезия баргузор шуд, 4 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст оварда, дар миёни 21 даста мақоми 4-умро ишғол карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.