Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бонки рушди Осиё (БРО) ҷиҳати харидории тухмии ғалладона ба миқдори 1 ҳазор тонна ният дорад, ба Вазорати кишоварзии ҶТ ба маблағи $1,2 млн. қарзи бебозгашт ихтисос диҳад.
Сухангӯи вазорат Нарзулло Додобоев иттилоъ дод, ки масъалаи номбурда зимни дидори вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов бо сариқтисодчии БРО Рабиҳ Маттар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл мутахассисони вазорат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ оид ба ҳаҷми хисороти расида ба соҳаи кишоварзӣ таҳқиқот гузаронида, муайян карданд, ки он ба 320 млн. сомонӣ баробар аст.
«Зимни мулоқот қайд гардид, ки аз ҳама бештар зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ зарар дидаанд, ки маблағи он 70 млн. сомониро ташкил медиҳад», - гуфт сухангӯи вазорат.
Н.Додобоев изҳор дошт, ки дар оянда баррасии пешниҳоди вазорат бобати ҷудо кардани беш аз $400 млн. ҷиҳати таъминот бо тухмии ғалладонаи тирамоҳӣ, техника ва татбиқи барномаи рушди зерсохтори бахши кишоварзӣ дар назар аст.
«Вазорат ният дорад, бо ин маблағ аз Русия тухмии гандуми навъи краснодариро, ки ҳосилнокиаш ба 40 сентнер баробар аст, харидорӣ намояд», - зикр кард Н.Додобоев ва афзуд, ки ба ҷумҳурӣ барои кишти тирамоҳӣ 50 ҳазор тонна тухмии ғалладона зарур аст.



Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста