Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 9-уми август дар Душанбе як тафоҳумномаи ҳамкорӣ миёни кормандони хадамоти иттилоотии сохторҳои давлатӣ ва расонаҳои хабарии кишвар ба имзо расид. Санади мазкур дар ҷараёни мизи мудаввари «Ҳамкории ВАО ва марказҳои матбуотӣ: дастовардҳо ва дурнамо» мавриди баррасӣ ва пазириши иштирокдорон қарор гирифт. Созмондиҳандаи нишаст Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI » буда, дар таҳия ва қабули Ёддошти тафоҳум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, кормандони марказҳои матбуотии мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, додгоҳи олӣ ва ВАО, инчунин коршиносони созмонҳои журналистӣ ширкат варзиданд.

 

Дар зер матни пурраи ин санадро ба таваҷҷӯҳи хонандагони ОИ «Азия-Плюс» пешниҳод мекунем:

 

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ

 

9 августи соли 2008

ш. Душанбе

 

Мо, иштирокдорони мизи мудаввари «Ҳамкории ВАО ва марказҳои матбуот ӣ : дастовардҳо ва дурнамо», ба хотири амал ӣ кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба иттилоот, ки дар моддаи 19 Эъломияи ҳуқуқи башар, моддаи 30 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷ Т ва дигар меъёрҳои қонунгузории Ҷ Т кафолат дода шудааст, баъд аз баррасии вазъи имр ӯ заи дастрас ӣ ба иттилоот дар кишвар, барои беҳтар гардонидани фаъолияти муштараки р ӯ зноманигорон ва кормандони марказҳои матбуот ӣ , дар масоили зерин ба тавофуқ расидем:

 

1. Ба ма қ омоти қ онунгузории Ҷ ум ҳ урии То ҷ икистон тавсия мешавад, ки замина ҳ ои ҳ у қ у қ ии дастрас ӣ ба иттилоотро бо назардошти ҷ анба ҳ ои зерин такмил ди ҳ анд:

а) иттилоот аз ҷ ониби ма қ омоти ҳ окимияти давлат ӣ ба ВАО бояд дар м ӯ ҳ лати то 3 р ӯ з пешни ҳ од карда шавад;

б) иттилооти фавр ӣ бояд дар р ӯ зи аввали ба ву қ ӯ ъ омадани р ӯ йдод, бидуни таъхир пешни ҳ од карда шавад;

в) пешни ҳ оди иттилоот ба ВАО бояд ройгон бошад.

 

2. Аз Ҳ укумати Ҷ Т хо ҳ иш карда мешавад, ки оид ба таъсис, та ҳ ким ва рушди марказ ҳ ои матбуот ӣ дар ма қ омоти ҳ окимияти давлат ӣ и қ дом кунад.

 

3. Марказҳои матбуот ӣ ва ВАО барои инъикоси дақиқ ва саривақтии мавз ӯ ъҳои дорои аҳамияти ҷ амъият ӣ бояд ҳамкории самарабахш дошта бошанд.

 

4. Зимни фаъолияти муштараки тарафайн риояи меъёр ҳ ои милл ӣ ва байналмилалии дастрас ӣ ба иттилоот зарур аст.

 

5. Фаъолияти марказ ҳ ои матбуот ӣ бояд дар асоси низомномае, ки аз ҷ ониби ма қ омот ба тасвиб расидааст, ба ро ҳ монда шавад.

 

6. Ба марказ ҳ ои матбуотии ма қ омоти ҳ окимияти давлат ӣ барои и ҷ рои самараноки вазифа ҳ ояшон бояд ҳ у қ у қ у ваколат ҳ ои коф ӣ дода шавад.

 

7. Ба роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлат ӣ ва ВАО тавсия мешавад, ки дар интихоб ва ҷ оба ҷ огузории мутахассисони варзидаю босалоҳияти марказҳои матбуот ӣ ва ВАО мусоидат кунанд.

 

8. Масъулони марказ ҳ ои матбуот ӣ бояд имкони иртибот ва дидору гуфтуг ӯ и муста қ им бо мансабдорони зина ҳ ои аввали ма қ омоти худро дошта бошанд.

 

9. Пешниҳоди иттилоот аз ҷ ониби шохаҳои ҳокимияти давлат ӣ ба ВАО-и давлат ӣ ва мустақили хабар ӣ бояд яксон ва баробар бошад.

 

10. Ҳамкории марказ ҳ ои матбуотии ма қ омоти ҳ окимияти давлат ӣ ва р ӯ зноманигорон бояд бо риояи меъёр ҳ ои ахло қ ӣ , дар асоси бовару эҳтироми тарафайн ва ҳ ам дигарфаҳм ӣ сурат пазирад.

 

11. Зимни пахши маводи иттилоот ӣ дар ВАО ба та ҳ рифи далелу ар қ ом ва маълумоти пешни ҳ одкардаи марказ ҳ ои матбуот ӣ ро ҳ дода нашавад.

 

12. Барои пешгирии паҳншавии иттилооти ғайривоқе ӣ ва носаҳеҳ, марказ ҳ ои матбуотиро лозим аст, ки ба ҳ ама гуна иттилооти та ҳ рифшудаю беасос вокуниши фавр ӣ нишон ди ҳ анд.

 

13. Ма қ омоти шоха ҳ ои ҳ окимияти давлат ӣ бояд дорои сомона ҳ ои интернет ӣ бошанд ва дар он ҳ о иттилооти вобаста ба фаъолияти худро мунтазам ва сарива қ т ҷ ой ди ҳ анд.

 

14. Марказҳои матбуот ӣ ва ВАО ҷ иҳати мубодилаи фаврии иттилоот бояд бо та ҷ ҳизоти ҳозиразамон (компутар, Интернет, факс, телефони ҳамроҳ, дастгоҳҳои акс-, садо- ва наворбардор ӣ ва ғайра) таъмин карда шаванд.

 

15. Баҳри баланд бардоштани донишу малака ва маҳорати касбии кормандони марказҳои матбуотии мақомоти давлат ӣ ва р ӯ зноманигорон, гузаронидани барномаҳои ом ӯ зиш ӣ ва чорабиниҳои маърифат ӣ зарур аст.

 

16. Ҷ иҳати ба роҳ мондани иртиботи мустақим, ҳусни тафоҳум ва ҳамкории судманди кормандони марказҳои матбуот ӣ ва ВАО, ташкили вох ӯ риҳои расм ӣ ва ғайрирасмии тарафайн, баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангию фароғат ӣ ва варзиш ӣ бамаврид аст.

 

Дар таҳия ва қабули ин ёддошти тафоҳум иштирокдорони 2 мизи мудаввари «Ҳамкории ВАО ва марказҳои матбуот ӣ : дастовардҳо ва дурнамо» аз таърихи 26 июн ва 9 августи соли 2008 иштирок доштанд.