Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар самти Шӯроободи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон марзбонони тоҷик қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро пешгирӣ карданд.
Сардори дафтари матбуоти Саридораи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ подполковник Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳангоми задухӯрд як шаҳрванди Афғонистон ба ҳалокат расидааст. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, гурӯҳи қочоқчиёни афғонро Наим валади Назар роҳбарӣ мекардааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷои ҳодиса 3 халта маводи бангдона ва 12 бастаи афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст. Дар байни марзбонон касе осеб надидааст.



Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста