Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ба Тоҷикистон барои таҳкими амният маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо назардошти ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ маросими ба имзорасии ворид намудани тағйирот ба созишномаи байниҳукуматии ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар соҳаи амният баргузор мешавад.
Аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки созишномаи мазкур ҳамчунин роҳандозии чорабиниҳои мубориза бар зидди маводи мухаддир ва таҳкиму беҳбуди фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро низ дар бар мегирад.
Асноди ҳамкориро сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба имзо мерасонанд. Маросими ба имзо расидани созишнома дар Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон доир мегардад.



Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста