Қӯрғонтеппа. 17-уми котябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон дар се соли минбаъда аз маблағҳое, ки аз буҷаи ҷумҳурӣ ҷудо карда мешаванд, даст кашиданист. Дар ин бора дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳия Эшбӯрӣ Эсанқулов хабар дод.

Ӯ ёдовар шуд, ки солҳои ахир ноҳияи Ҷиликӯл аз буҷаи ҷумҳурӣ ба миқдори 1,8 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ мегирад. Номбурда изҳор дошт, ки дар худи ноҳияи имконоти ғанисозии буҷаи маҳаллӣ мавҷуд аст.

«Масалан, дар ноҳия 4 бозор амал мекунад ва тибқи маълумоти мо, онҳо сарчашмаҳои воқеии даромадашонро пинҳон медоранд, - гуфт ӯ. -Аз ин рӯ, мо ният дорем, минбаъд ин бозорҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳем».

Қобили зикр аст, ки дар давоми 9 моҳи соли равон барои нахустин бор ноҳияи Ҷиликӯл нақшаи ҷамъоварии андозро ба миқдори 104 дарсад ба иҷро расонида, қарз ба буҷаи ҷумҳуриро ба андозаи 38 ҳазор сомонӣ камтар кард.