Душанбе. 1-уми ноябр - Дирӯз дар шаҳри Душанбе маросими тавзеъи кӯмакҳои пизишкии Амрико ба муассисоти беҳдоштии То ҷ икистон сурат гирифт.

Он гуна, ки Ниша Квост, муъовини сафири Амрико дар То ҷ икистон иттилоъ дод, ҳавопаймои шомили маводди дору ӣ , ки маблаги беш аз 13 милллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, шоми р ӯ зи пан ҷ шанбе тавассути созмони омрикоии ҲОУП (Умед) вориди Душанбе шудааст.

Ба гуфтаи хонум Квост, ин кӯмакҳои башард ӯ стона дар чорч ӯ би ҳамкориҳои миёни Амрико ва То ҷ икистон дар арсаи беҳдошт ва ба таври ройгон барои сокинони ниёзманди ин кишвар ироа шудааст.

Аъзам Мирзоев, муъовини вазири тандурустии То ҷ икистон, ки дар ин маросим ширкат дошт, гуфт, ки ин кӯмакҳо дар навбати аввал ба муассисаҳои беҳдоштие тавзеъ хоҳанд шуд, ки ба дору эҳтиё ҷ и зиёд доранд.

Ба гуфтаи оқои Мирзоев, барои нахустин бор аст, ки ин кӯмакҳо шомили маводди дармонии мавсум ба "ПегИнтон" барои бемории омоси ҷ игар (гепатити С) аст, ки то ҳол муассисоти беҳдоштии То ҷ икистон дарёфт накардаанд.

Вай гуфт қимати ин маводд хеле гарон аст ва аз он умдатан барои ҷ илавгир ӣ ва мудовои бемориҳои сироятӣ, назири зардпарвин ва ҳасба ё домана истифода мешавад.