Кӯлоб. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Дафтари саҳроии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар шаҳри Кӯлоб ба гурӯҳи аҳолии ба ном «русзабон»-и танҳомонда ва куҳансоли шаҳр бо маводи ғизоӣ кӯмак кард.

            Тавре корманди дафтар Мавҷуда Ғафурова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз кӯмаки мазкур, ки аз орду равған ва шакар иборат буд, дар маҷмӯъ 409 нафар бархӯрдор шуданд.

Ба қавли ӯ, кӯмак мувофиқи руйхат тақсим карда шудааст. «Агар бо сабабе кӯмаки моддӣ расонида натавонем, ҳам, мо омодаем ҳамеша шахсони пиру барҷомондаро аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ намоем», - гуфт ӯ.

М.Ғафурова зикр кард, ки онҳо бо пирону барҷомондагон сӯҳбат оростаанд. «Шахсони куҳансол аз сӯҳбатҳо хеле хушнуду сарфароз гаштанд», - изҳор дошт ӯ ва афзуд, ки кӯмак аз тарафи Маркази САҲА дар Душанбе ҷудо гардидааст.