Дар Суед (Шветсия)-и Аврупо нахустин шумораи маҷаллаи нави илмӣ-пажӯҳишии «Тӯроннома» бо забонҳои тоҷикиву русӣ нашр шуд. Ин маҷаллаи илмӣ аз сӯйи «Институти байналмилалии таҳқиқоти тоҷикпажўҳӣ» воқеъ дар Суед таъсис дода шудааст.
Ин маҷалла фаслнома буда, дар се моҳ як бор нашр мешавад ва мудири масъули институти таҳқиқотӣ ва сардабири фаслномаи "Тӯроннома" муаррихи тоҷик Луқмон Бойматов мебошад.
Шўрои таҳририяи маҷаллаи «Тӯроннома»-ро донишмандон ва мутахассисони маъруф аз донишгоҳҳо ва муассисоти илмӣ ва пажӯҳишии кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ташкил мекунанд.
"Умед дорем, ки фаслномаи «Тўроннома» фазои илмиро барои интишор ва баргузории баҳсҳои илмии муассир дар бораи таърихи мардумони Осиёи Марказӣ ва Эрон аз даврони бостон то ба имрўз густардатар мекунад", - мегӯяд сардабири маҷалла.
Тавре ки дар сухани сардабир омадааст, нашри таҳқиқот ва тозатарин баррасиҳои илмӣ-пажӯҳишӣ дар мавриди таърихи мардуми тоҷик аслитарин ҳадафи фаслномаи мазкур мебошад.
Зикр бояд намуд, ки ин маҷалла дар ҳоли ҳозир ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ пахш мешавад ва қарор аст, вежаномаҳои он ба хатт ва забони форсӣ низ ба табъ бирасад.
Дар назар аст, бо ҳамкории ховаршиносон ва коршиносони таърих ва таммадуни Шарқ аз кишварҳои урупоӣ, Иёлоти Муттаҳаидаи Амрико, Конодо, Ҷопон ва гайра, ин фаслномаи тахассусӣ ба номи «Тураника» (“Turanica”) ба забони инглисӣ низ ба табъ бирасад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста