Ба идораи «Азия-Плюс» модари Гулбиддин Зиёбеков, Певистамо Абдулмуъминова муроҷиат кард ва мегӯяд, ки барояш бисёр дардовар аст, мардуме, ки ба хотири писари ӯ эътироз карданд, имрӯзҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто алайҳи писари дигараш ва писарони амакаш, ки ҷасади бародарашонро аз сардхона (морг) гирифта буданд, парванда кушодаанд.
Ба гуфтаи Абдулмуъминова, ҷасади писарашро ба майдон бо дархости худи ӯ бурданд, зеро дар замони сар задани ҳодиса мисли писарони дигараш ӯ ҳам дар хона набуд ва вақте хабар доданд, ки ӯ кушта шуд, дастур дод, ки ҷасадро ба майдон бибаранд то мақомот посух диҳанд, ки чаро ӯро куштанд.
«Мардум ба майдон рехтанд, зеро дарди маро дарк мекарданд. Онҳо дар паҳлӯям истодаанд, то дарди маро тақсим кунанд, зеро дар он рӯзҳо, ки ман ду рӯз ҳамроҳ бо ҷасади фарзандам дар майдон будам, касе аз мақомот ба пеши мо наомад ва ба ман посух надод, ки чаро писари маро ваҳшиёна куштанд. Агар ба ман мегуфтанд, ки писари ман фалон ҷиноятро содир кардааст ва барои ин бояд кушта мешуд, ман ҷасадро мегирифтаму аз майдон мерафтам. Вале ҳамин тур касе посух надод, аммо ҳоло алайҳи мардум ба хотири он ки маро дар майдон бо мусибатам танҳо нагузоштанд, парванда боз мекунанд»,- мегӯяд Певистамо Абдулмуъминова.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло алайҳи писари дигараш ва амакбачаҳояш, ки ҷасади писарашро аз сардхона гирифта буданд, парванда кушодаанд.
«Онҳо чунин ҳисоб мекунанд, ки ҷасади фарзандони мо бояд дар як ҷойе ҳамчун чизи нозарур бихобад ва наздиконашон онро он ҷо бипартоянд. Чӣ гуна онҳо метавонистанд ҷасади бародари худро бипартоянд?... Як писари маро куштанд, мехоҳанд дувумиро маҳбус кунанд»,-мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло аз деҳаи онҳо мардуми зиёдеро ба ҷавобгарӣ кашиданиянд. Алайҳи яке аз сокинон барои он парванда кушодаанд, ки баъди тирпаронӣ ӯ ҷасади яке аз тирхӯрдаҳоро бардошту ба бемористон бурд.
Ҷавони захмӣ то расидан ба беморхона даргузашт, вале алайҳи касе, ки талош кард ӯро наҷот диҳад, парвандаи ҷиноӣ боз шудаас.
«Чаро алайҳи онҳое, ки мардуми бесилоҳро паронданд, парванда намекушоянд. Се тан кушта, 15 нафар захмӣ шуд. Ба ман гуфтанд, ки 7 нафари онҳо аллакай маъюб шудаанд, аз баъзеҳо дасташ кор намекунаду бархеҳо барои ҳамеша ланг монданду касоне ҳам дарди дигаре. Дар деҳаи мо аз стресс мардум дучори фишори хун шуданд. Ҳар рӯз фишори ҳар касе баланд мешавад, баъзеҳо дар беморхона бистарӣ мешаванд. Баъзеҳо ҳатто аз тарс гирифтори бемории саръ (эпилепсия) шуданд. Онҳо чӣ гуна бемор нашаванд, вақте дар оғоз 20 нафари мусаллаҳ омаданду ба тирпаронӣ дар деҳаи хурди мо шуруъ карданд. Кӯдакон дар ин вақт дар мактаб буданд ва ҳамаи онҳо сахт тарсиданд. То ҳоло аз стресс берун нашудаанд ва тавре муаллимон мегӯянд дарсҳояшонро хуб омода карда наметавонанд, зеро ҳанӯз дар тарсу ҳарос қарор доранд…
Ман талош кардам, ки то ҳукумат, КДАМ, додситонӣ биравам, вале касе маро гӯш накард. Имрӯз (17 январ - АП) ба президент нома навиштам. Хеле умедворам, ки ӯ маро дарк мекунад, зеро ин ҷо касе намехоҳад ва талош ҳам намекунанд, ки сарфаҳм бираванд, ки чӣ гузашт. Умеди ман танҳо президент аст. Агар мактуби ман ба ӯ нарасад, танҳо ҳамин боқӣ мемонад, ки худамро дар назди ҳукумат ҳалқовез кунам, шояд он замон бишавад, ки ба ноадолатиҳое, ки ин ҷо рух медиҳад, таваҷҷуҳ кунанд»,- мегӯяд Абдулмуъминова.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи худи Абдулмумъминова, ӯ аз татфтише, ки бар пайи кушта шудани писари ӯ рафта истодааст эътирозе надорад. Аз ин рӯ, ягона шикояти ӯ аз ин аст, ки ба мардум дар робита ба марги фарзанди ӯ фишор меоранд, аммо онҳоеро, ки дар замони эътирозҳо мардуми бесилоҳро куштанд, касе ба ҷавобгарӣ намекашад.
Бояд гуфт, ки Гулбиддин Зиёбеков 25-уми ноябр дар ҷараёни боздошт кушта шуд. Мақомоти қудратӣ мегӯянд, ки ӯ дар замони боздошт муқовимати мусаллаҳона кард, аммо ҷонибдорони ӯ мегӯянд, ки ҳеч силоҳе надошт.
Баъди куштани ӯ, дар майдонии Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ ҳазорон мардум ҷамъ шуданд. Эътирозҳо чор рӯз давом карданд. Талаби ҷамъомадагон ба ҷавобгарӣ кашидани муҷримони қатли Зиёбеков ва истеъфои раиси вилоят Алишер Мирзонабот, берун бурдани неруҳо аз Хоруғ, ки ҳузури онҳо дар шаҳр шиддатро эҷод мекарда ва барқарор кардани алоқаи интернет буд.
Мақомот ба эътирозгарон ваъда доданд, ки алоқаро барқарор мекунанд ва аз рӯйи далели куштани Зиёбеков тафтишро оғоз мекунанд, низомиёнро берун мебаранд ва агар эътирозгарон майдонро тарк кунанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. То имрӯз, ба ҷуз тафтиши қатли Зиёбеков, ҳеч талаботи дигар иҷро нашуд, аммо бар алайҳи эътирозгарон парвандаҳоро боз карда истодаанд.
Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста