Беш аз 20 донишҷӯйи тоҷик ба Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон муроҷиат карда, хостори баргаштан ва идомаи таҳсилашон дар Тоҷикистон шудаанд. Онҳо мегӯянд, таҳсилашон фосилавӣ шудааст ва мехоҳанд то беҳтар гардидани вазъ дар Тоҷикистон монанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, онҳо рӯйхати донишҷӯён ва шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, омода карда истодаанд ва хоҳишмандон метавонанд, ба онҳо муроҷиат кунанд.
Барӯйхатгирии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба ватанашон баргарданд, аз сӯи сафорат дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳорот оид ба афзоиши мавридҳои таъқибу табъизи шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Қирғизистон дар шаҳрҳои гуногуни Қирғизистон нигаронӣ кард ва гуфт, мақомоти Қирғизистон мехоҳанд беш аз 500 донишҷӯ аз Тоҷикистонро, ки дар мактабҳои олии вилояти Ош таҳсил мекунанд, ихроҷ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи маноқишаи марзӣ байни ду кишвар дар рӯзҳои 14-18-уми сентябр муассисаҳои олии ин кишвар донишҷуёни тоҷикро рухсат дода, ба онҳо гуфтанд, ки дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ кам гаштугузор кунанд.
Як донишҷӯи тоҷик, ки дар Донишгоҳи Оши Қирғизистон таҳсил мекунад, бе зикри ном ба “Азия-Плюс” гуфт, баъди муноқишаи марзии охир роҳбарияти донишгоҳ онҳоро ба таътил гусел карда, гуфтанд, минбаъд дарсҳо тариқи фосилавӣ мегузарад.
Вай афзуд, мехоҳад, таҳсилашро дар Тоҷикистон идома диҳад, чунки дар пайи муноқишаи охири марзӣ эҳсоси хатар мекунад.
- Пеш аз муноқишаи марзии охир муносибати ҳамкурсону дустонам хуб буд. Вале дар чанд рӯзи охир вазъ тағйир ёфт. Бархеҳо дар кӯча агар фаҳманд, ки тоҷикем дашном медиҳанд”, - нигаронӣ кард ин донишҷӯи тоҷик.
Ӯ афзуд, дар Қирғизистон боқӣ мондан бефоида аст, чун дарси фосилавиро аз ватан ҳам метавон хонд.
“Бештари донишҷӯён фосилавӣ дарс мехонанд ва намехоҳанд ба ватан баргарданд. Вале ба фикри ман таҳсил ба таври фолиславӣ манфиатнок нест, бисёр чизҳоро намеомӯзем, муаллимон ҳам он қадар аҳамият намедиҳанд. Агар ба курси худам ба донишгоҳи тиббӣ интиқол ёбам, дар Тоҷикистон таҳсиламро идома медиҳам. Вале агар ба курси худам интиқол наёбам, то ором шудани вазъ ва оғози дарси ҳузурӣ мехоҳам дар Тоҷикистон бошам”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Бархе аз донишҷуёни дигари тоҷик гуфтанд, аллакай хобгоҳро тарк карда, дар манзилҳои иҷора зиндагӣ доранд.
Б. Р. як донишҷӯйи дигари тоҷик, ки дар шаҳри Ош дар курси охир таҳсил мекунад, дар суҳбат бо мо гуфт, то анҷоми таҳсили фосилавӣ мехоҳад, дар Тоҷикистон истода таҳсилашро онлайнӣ давом диҳад, вале ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол ёфтанӣ нест.
Ӯ мегӯяд, дар пайи муноқишаҳои марзӣ ягон таъқибу фишор ва ё муносибати бадро аз сӯи қирғизҳо эҳсос накардааст.
“Ҳоло ҳамаи дарсҳои мо онлайнӣ аст. Мехоҳем ҳамин дарсҳоро дар Тоҷикистон истода хонем. Агар дарсҳо дубора тариқи офлайн гузаранд, боз омада таҳсилро дар ҳамин ҷой давом медиҳем. Мақсади мо интиқол ёфтан нест”, - гуфт вай.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, дар баробари ин, агар ба яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳам интиқол ёбад, мехоҳад, ки дар ҳамон курсе, ки дар Қирғизистон мехонад, дар Тоҷикистон идома диҳад.
“Вале агар гӯянд, зимни интиқол як курс поён мехонем, ба мо зарар мешавад. Чунки як сол қафо мемонем ва ин сарфи маблағу вақти зиёдатӣ аст”, - гуфт Б.Р.
Ӯ зикр кард, ҳоло дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад ва муносибати ҳамсояҳову дӯстонаш бо ӯ хуб аст.
“Ҳоло, ки дарсҳо пурра онлайн аст, мо он қадар берун ҳам намебароем. Танҳо барои харидории маҳсулот бароем хуб, агар не то бегоҳ ба таври онлайнӣ дарс мехонем”, - гуфт вай.
Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, дар баробари эҳтимоли ихроҷи донишҷӯёни тоҷик ҳамчунин, фишору таъқиб, табъиз ва пулситонӣ аз тоҷикони муқими Қирғизистон низ ҷой дорад.
Ин ниҳод гуфтааст, таъқибу таъбизи шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷиктаборони Қирғизистон натиҷаи мустақими маъракаи дар он кишвар авҷгирифтаи аз Тоҷикистон сохтани симои душман аст ва мақомоти Қирғизистон бояд ба ин табъиз хотима бахшанд ва бар асоси қонунҳои байналмилалӣ амнияти дипломатҳои Тоҷикистонро таъмин намоянд.
Аз ВКХ гуфтанд, донишҷӯёни тоҷик ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон қарор доранд, метавонанд, барои баргаштан ба ватан бо ин рақамҳо ба Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон муроҷиат кунанд:
(+996 312) 51 16 37; 51 25 87
+996702105544 (WhatsApp, Telegram )
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"10 соат дар як шабонарӯз". Масъулин мегӯянд, реҷаи додани барқро танзим кардаанд, сокинон гуфтанд, “риоя намешавад”
Афзоиши идрорпулии президентӣ барои мактаббачаҳо ва донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо
Думаи давлатӣ тарҳеро пазируфт, ки имкон медиҳад Толибон аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун шаванд
Либияву Ироқи сонӣ ё лонаи ифротиён. Сурияро чӣ интизор аст ва ҳаводиси ин кишвар ба Осиёи Марказӣ чӣ хатар дорад?
Чанд соҳибкор барои фурӯши маҳсулоти пастсифат беш аз 183 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд
Иттиҳоми нав дар парвандаи чеҳраҳои шинохта. Абдулфайз Атоӣ ба қаллобӣ ҳам муттаҳам шудааст
Кадом варзишгарони тоҷик дар рӯйхати футболбозони гаронарзиши Осиёи Марказӣ ҳастанд?
Чин шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фармондеҳи ҷавон"
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи обуҳаво барои 11 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста