Боймуҳаммад Ниёзов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва шинохтатарин сарояндаи Шашмақом, умр медошт, имрӯз ба синни 95-солагӣ қадам мениҳод. Вай 27-уми сентябри 1927 дар деҳаи Марғзораки шаҳри Хуҷанд чашм ба олам кушода аст ва яке аз сутунҳои Шашмақом дар Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

Мавсуф санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз падараш Ҳоҷиматов Ниёзмуҳаммад омӯхт ва минбаъд умри худро сарфи омӯзиш ва тарғиби мусиқии классикии тоҷик “Шашмақом” намуд.

Боймуҳаммади кӯчак дар синни 15-солагӣ дар омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (Хуҷанди имрӯза) таҳсил намуда, муддате дар Театри тамошобинони ҷавон ва колхози зодгоҳаш фаъолият кард. Аммо ҳамвора аъзои дастаи ҳаваскорони санъат буд ва худро аз мусиқӣ канор намегирифт.

Соли 1955 ба Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд ба кор рафт ва нақшҳое чун Равшан ва Шопур аз намоишҳои “Равшан ва Зулхумор” ва “Фарҳод ва Ширин”-и К. Яшин ва Ғолиб аз намоиши “Ду ҳусну ду ишқ”-и М. Сайфиддиновро бозид.

Вай пас аз гузашти се даҳсолаи умр ба Душанбе омад ва дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор оғоз кард. Аз устодон Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов маҳорати мақомхонӣ омӯхт.

“Шашмақом мероси ниёгон аст. Мероси ниёгони тоҷикон ва тоҷикистониён. Он аз 263 асар иборат аст. Ҳамин 263 асарро ман замоне, ки дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев кор мекардам, азёд карда будам. Лекин даррав (базудӣ) не, дар тӯли 13 сол. Ҳоло ман ҳамаи ин асарҳоро азёд медонам, - гуфта буд ин устоди мусиқӣ.

Гуфта мешавад, аз соли 1960 устод ба эҷоди сурудҳои худ оғоз кардаанд ва аввалин сурудҳои сароидаи Боймуҳаммад Ниёзов  “То кай” (Камоли Хуҷандӣ), “Баски таманнои ту” (Махфӣ) “Доғи таманнои ту”, “Эй ҷони ман асират”, “Гуфтему гуфтем”, “Бар лаби дарё биё”, “Лаби нӯш” ва суруди узбекӣ “Кокилинг” (Каримӣ) ҳисобида мешавад ва мавсуф дар сабти пурраи “Шашмақом” иштирок намудааст.

Пас аз ин, “Муғулчаи Дугоҳ”, “Нимчӯпонӣ”, “Насруллоӣ”, “Муҳтаҳзоди Наво”, “Чапандози Наво”, “Талқини Баёт” ва “Наврӯзи Сабо” аз беҳтарин сурудҳои классикии иҷрокардаи Ниёзов медонанд, ки то имрӯз дар маҳофили адабӣ ва байни қишри бузургсолони кишвар шунида мешавад.

Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди халқии СССР ва устоди Шашмақом дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз ҷойгоҳи баланди Боймуҳаммад Ниёзов дар ин навъи мусиқӣ гуфта, афзуд, “то миллати тоҷик ҳаст, шашмақоми Боймуҳаммад Ниёзов ҳифз мешавад ва фарҳанги маънипарвари моро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд”.


“Оҳангҳои эҷодкадаи устод бисёр мардумӣ буд ва дар хотироти миллати тоҷик бо садои танинандозашон нақш бастааст. Шашмақомро зиёд хонданд ва то имрӯз мехонанд. Аммо на ҳамаашон дар хотираи халқ мондаанд. Боймуҳаммад Ниёзов лаҳни тоҷикӣ доштанд ва аз дил месуруданд. Барои ҳамин, халқ он касро қабул кард ва имрӯз ҳам аз эшон хуб ёд мекунанд”, - гуфт Ҷӯрабек Муродов.

Ин шашмақомсари маъруф афзуд, дар замони шӯравӣ на ҳар кас консерт дода метавонист ва байни халқ пазируфта мешуд.

“Танҳо эҷодкор дар ин майдон роҳ меёфт. Устод Боймуҳаммад Ниёзов эҷодкор буд. Ҳар оҳанги ӯ аз дил мебаромад ва ба дилҳо маскан мегирифт”, - гуфт Ҷӯрабек Муродов.

Ҷӯрабек Муродов аз Душанбе ба Хуҷанд баргаштани Боймуҳаммад Ниёзовро бесабаб нахонд ва гуфт “устод дар шаҳри Хуҷанд ансамбли “Нури Хуҷанд”-ро таъсис доданд ва дар ин ҷой ҳам ором нанишаста, ба эҷоди оҳанг камар мебастанд”.

Дар ҳамин ҳол, Ҷӯрабек Набиев, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва овозхони дигари тоҷик, гуфт, “ман устод Боймуҳаммад Ниёзовро кайҳо боз “инқилобчӣ” номидаам. Медонед, барои чӣ? Маҳз, устод Боймуҳаммад Ниёзов сарояндаи сурудҳои тоҷикӣ дар сабки нав буданд”.

“Мардум ба сурудҳои устод завқу шавқ пайдо карда буданд ва ман бо гӯши худ мешунидам, ки “имшаб Боймуҳаммад баромад мекардааст” гӯён барномаҳои радиову телевизионро интизорӣ мекашиданд”, - ёдоварӣ кард Ҷӯрабек Набиев.

Ӯ афзуд, “баъдтар, намедонам бо кадом сабабҳо, устод ба ансамбли Шашмақоми радио ва телевизиони Тоҷикистон ба кор рафтанд ва то ба нафақа баромадан дар он ҷо кор карданд. Дар Хуҷанд ҳам ҳамчун омӯзгори Шашмақом дар факултаи санъати ДДХ дар ансамбли «Дурдона» ва «Нури Хуҷанд» шогирдонро аз сирри сарояндагии Шашмақом омӯхтанд”.

-Устод ҳам навозандаи хуб, ҳам хонандаи хуб ва ҳам донандаи хуби Шашмақом ва бисёр суруду мусиқии классикӣ буданд, - хулоса кард Ҷӯрабек Набиев.

Боймуҳаммад Ниёзов дар давоми умри басарбурдааш бештар аз 50 суруд офаридааст, ки чанде аз онҳоро ҳоло сарояндагони номии ҷумҳурӣ бозхонӣ мекунанд. Ҳамзамон, ба кишвари Афғонистон ва ҷамоҳири шӯравӣ сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст.

Мавсуф рӯзи 1-уми феврали соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт ва ба хок супорида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.