Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷасади Шоира Раҳимқулова, муҳоҷири 23-солаи тоҷик ва духтари чорсолаи ӯро, ки як ҳафта пештар дар вилояти Маскав аз бӯи газ заҳролуд шуда, фавтидаанд, ба ватан интиқол медиҳад.
Як намояндаи сафорат дар суҳбати катбӣ бо “Азия-Плюс” гуфт, онҳо бо мақомоти дахлдори Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ қарор доранд ва ин қазияро аз рӯзҳои аввал пайгирӣ доранд.
Ба гуфтаи манбаъи мо, дар интиқоли ҷасад мушкилӣ танҳо дар он буд, ки “хешовандони наздики фавтидагон дар Федератсияи Русия қарор надоштанд ва ба таври маълум, ҷасадҳо танҳо ба хешовандони наздик супорида мешаванд”
Онҳо гуфтаанд, аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамаи кӯмакҳои зарурӣ барои интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан сурат гирифта истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 14-уми декабр Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз марги се шаҳрванди Тоҷикистон дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази табиӣ дар як хонаи истиқоматӣ хабар дода буд. Гуфта мешуд, ки ҳодисаи 13-уми декабр, дар ноҳияи Раменскийи вилояти Маскав рух дода, фавтидагон ду калонсол ва як кӯдак будаанд.
Баъдан маълум гардид, ки онҳо Шоира Раҳимқулова ҳамроҳи Умигулсун Пирхонова, духтари чорсолааш ва Далер ном муҳоҷири дигари тоҷик будаанд, ки дар яке аз хонаҳои сарватманди чинӣ кор мекарданд.
Қаблан, Парвина Абдуллоева, духтари холаи Шоира дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар Русия касе надоранд ва намедонанд, ки чӣ тавр ҷасадҳоро аз сардхона (МОРГ) гирифта ба ватан фиристанд.




Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста