Соли гузашта 28 ҳазору 331 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ карда, ҳудуди 1000 корхона барҳам хӯрдааст. Теъдоди соҳибкороне, ки фаъолияти худро қатъ кардаанд, нисбат ба 1-уми январи соли 2021-ум қариб 800 ва корхонаҳои барҳамхӯрда 100 адад зиёд мебошад.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯза гуфт, “ҳамин қадари дигар соҳибкорон ба қайд гирифта шуданд”, вале аз ироаи омори мушаххас худдорӣ кард.
Номбурда афзуд, ки соли гузашта аксари соҳибкорон аз як намуди фаъолият ба фаъолияти дигар, аз ҷумла аз патент ва шахси ҳуқуқӣ гузаштанд, ки ин ҳам ба омори барҳамхӯрии соҳибкорон шомил мешавад.
Саъдӣ Қодирзода аз омори соҳибкорон нигаронӣ кард ва гуфт “ин омор басанда нест”.
Номбурда гуфт, ки аксари соҳибкорон аз надонистани ин ё он қонунгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, надоштани маърифати молиявӣ, вақте корхонаро ба қайд мегиранд, корро сар накарда, муфлис мешаванд.
“Чунки пешакӣ эҳтиёҷоту нархгузории бозор ва хафвҳои минбаъдаро ба назар намегиранд. Дар аксари мавридҳо ба қайд мегиранд ва умуман фаъолияти соҳибкорӣ накарда, барҳам дода мешаванд. Вобаста ба баланд бардоштани маърифтаи соҳибкорон ҳамасола якчанд чорабинӣ мегузаронем. Соли гузашта зиёда аз 200 омӯзиши тренинг гузаронидем ва алфавити соҳибкориро фаҳмонидем”, - шарҳ дод Саъдӣ Қодирзода.
Ба иттилои расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон 340,1 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 1300 нафар зиёд мебошад.
Мишустин: Русия ва Тоҷикистон ба ҳимояи тиҷорат аз таҳримҳои Ғарб бештар таваҷҷуҳ мекунанд
Нишасти сарони кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ: Пекин аз минтақа чӣ мехоҳад?
Аз истирдоди ҷинояткорон то бозпас додани маҳкумшудагон. Мулоқоти додситонҳои кулли Тоҷикистону Эрон
Дар масҷиди калонтарини Тоҷикистон имрӯз намози ҷумъа баргузор намешавад
Эмомалӣ Раҳмон ба амири Қатар қароргоҳи беруназшаҳрии Такобро нишон дод
Расулзода: "Тоҷикистон ба афзоиши содироти мол ба кишварҳои ИИАО омода аст”
Расман: Калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Зардолуи Ашт ба Эрону Дубай ва Арабистони Саудӣ фурӯхта мешавад
“Ҷинояти ҷангӣ”. Авфи байнулмилал Толибонро ба муҷозоти оммавии сокинони Панҷшер гунаҳкор кард
Дар Тоҷикистон ҳудуди 400 ҳазор тонна ҳосили сабзавоту полезиҳо ҷамъоварӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста