Дирӯз, 27-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе даври 11-уми ҳамоиши байналмилалии “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” оғоз гардид. Дар ин ҳамоиш ҳудуди 150 коршинос аз дохил ва хориҷ иштирок доранд. Ин ҳамоиш бо ибтикори Институти тадқиқоти стратегии Афғонистон ва Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа баргузор мешавад.
Гурӯҳҳои даҳшатафкан боиси ташвишанд
Қосимшоҳ Искандаров, раиси Маркази мутолиоти Афғонистон ва минтақа ҳадафи нишастро баррасии вазъи кунунӣ, пайдо намудани роҳҳали расидан ба сулҳ ва мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон зикр кард.
“Ҳарчанд Толибон* ваъда медиҳанд, ки аз Афғонистон ба ҳеҷ кишвар, махсусан кишварҳои ҳамсоя таҳдиде вуҷуд надорад, аммо ҳудуди 25-30 гурӯҳи даҳшатафкани мусаллаҳ наметавонад боиси ташвиш ва нигаронии ҳамсояҳо нагардад”,- гуфт А.Искандаров
Шараф Раҳимӣ, сардори Раёсати таҳқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бошад, ин ҳамоишро фурсати муносибе барои арзёбии муҷаддади вазъи кишвари ҳамсоя ва эҷоди муколамаҳои созанда номид.
Ӯ гуфт, аҳолии Афғонистон дар фақру гуруснагӣ қарор дорад ва набояд таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкили ин кишвар кам гардад.
“Дар пасманзари чунин вазъи сангин ба вижа, зилзилаҳои пайдарпайи харобиовар дар Ҳирот, ки боиси талафоти ҷонии ҳазорон нафар шуда, ҳазорон нафари дигарро бесарпаноҳ дар пешорӯи фасли сармо гузошт, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба тақдири мардуми Афғонистон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд кам гардад”, - гуфт Раҳимӣ.
Ӯ зикр кард, ки “яке аз омилҳои ҳифзи таҳкиму амнияту субот дар Осиёи Марказӣ ҳалли ҳарчи зудтари қазияи Афғонистон мебошад. Дар ин зимн бо нигаронии ҷиддӣ қайд менамоем, ки воқеаҳои пуртазоди Афғонистон агар ҳамчунин дар ҳоли тамоюли густариш бошанд, хатари воқеии нооромшудани вазъ дар тамоми минтақа ногузир боқӣ хоҳад монд”.
Шараф Раҳимӣ таъсиси ҳукумати ҳамашумул бо иштироки фаъоли намояндагони ҳамаи нирӯҳои сиёсӣ ва миллатҳои Афғонистонро омили асосӣ ва кафили ноил шудан ба сулҳу субот дар ин кишвар арзёбӣ намуд.
“Аз мо мехоҳанд бо Толибон таомул кунем”
Рангин Додфар Спанто, раиси ҳайъати машваратии Институти мутолиоти стратегии Афғонистон ва собиқ вазири корҳои хориҷии ин кишвар аз сиёсатҳои духӯраи ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, бисёре аз сиёсатмадорон ва ҳукуматдорҳо аз ҷомеаи мадании Афғонистон мехоҳанд, ки бо Толибон таомул кунанд, ки ин мутафовит бо нигоҳи мардуми Афғонистон аст.
“Дарди мо - мардуми Афғонистон дарди надоштани истиқлол, ҳукумати қонун, амнияти сиёсиву иҷтимоӣ ва маҳрум будан аз рушди иқтисодӣ ва баробарии фарҳангиву қавмӣ ва забонӣ аст. Дар ҳалқаҳои сиёсӣ вақте баҳс аз ҳалли мавзӯи Афғонистон мешавад, сухани таомул бо Толибон рӯйкарди аслии сиёсати байналмилалӣ аст”, - гуфт Додфар Спанто.
Ӯ гуфт, дар Афғонистон дарк мекунанд, ки сарбозони хориҷӣ рафтаанд ва ҳам ин орзуи ҳар як сокини кишвар аст, ки дар хокаш сарбози хориҷие набошад. Аммо Амрико ва НАТО бояд ҷуброни вайронкориҳо ва хуруҷи бемасъулиятонаи худро пардозанд.
Муҳаммад Ҳусейн Ҷафариён, коршиноси аршади масоили Афғонистон ва Эрон ба он назар аст, ки оғози мушкили амниятии Афғонистон тавофуқномаи Давҳа мебошад.
“Чӣ касе ба Амрико ҳақ дод, ки Афғонистонро санад бизананд ба номи Толибон? Ҳамаи дӯстон аз таъбири ин ки “Қудратро ба Толибон бахшиданд” истифода кардаанд. Чӣ касе ин қудратро ба онҳо бахшид? Бо кӣ машварат шуд? Ҳақиқат ин ҷост, ки сиёҳчола ҳамон тавофуқнома аст, ки бояд аз реша ботил ҳисобида шаваду аз нав бо назари ҳамаи тарафҳо навишта шавад”, - гуфт ӯ.
Толибон дар фикри дастрас кардани силоҳи ҳастаӣ мебошанд
Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини амнияти миллии Афғонистон, дар ин нишаст гуфт, ки гузоришҳое дар даст дорад, ки нишон медиҳанд, Толибон дар бораи чӣ гуна ба даст овардани “силоҳи ҳастаии тактикӣ” фикр мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, Толибон метавонанд ин силоҳро аз Покистон гиранд ва ё барои дарёфти он ба муҳандисон пул пардохт кунанд.
“Дар гузашта, замони Усома бин Лодин ва ҳамчунин ДОИШ-и Хуросон ҳам барои дастрасӣ ба силоҳи ядроӣ - тактикӣ талошҳо буд. Толибон ҳоло имконоти молӣ доранд, сарбоз доранд ва аз ҳама бештар барои ин кор ангеза доранд”, - гуфт Раҳматулло Набил.
Ин андешаи Раҳматулло Набил то куҷо воқеият дорад, номаълум аст ва ҳам назари Толибон дар ин бора рӯшан нест. Намояндаи онҳо, ба гуфтаи масъулини нишаст, ба ин нишаст даъват шуда буд, аммо ҳузур пайдо накард.
Кӯмакҳои башардӯстона на ба мардум, балки ба Толибон мерасад
Заҳро Ҷуё, муассиси “Рухшона Медиа” аз нарасидани кӯмакҳои башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон нигаронӣ карда, гуфт, “ҳарчанд Созмони миллал рад мекунад, аммо мо мебинем, ки пул ба дасти Толибон мерасад”. Ба андешаи Заҳро, бахши калони кӯмакҳои барои занон ва кӯдакон ирсолшуда ба дасти онҳо намерасад.
“Мо бояд тамоми созмонҳоро бо шиддат посухгӯ созем. Бояд ҳар як сентро аз ин созмонҳо пурсон шавем”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки нишасти “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дирӯз, 27-уми ноябр дар Душанбе оғоз шуд ва имрӯз поён меёбад, ки аз натиҷаи он ҳатман гузориш хоҳем дод.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста