Дар вилояти Хатлон Шӯрои воситаҳои ахбори омма (ВАО) ташкил мешавад ва ҳафади он баррасиву ҳамоҳангии фаъолияти расонаҳо ва мақомоти давлатӣ мебошад.
Музафар Мирзозода, муовини раиси вилояти Хатлон имрӯз, 15-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ дар ин бора иттилоъ дода, зикр кард, ки Шӯрои ВАО дар ниҳоди машваратие хоҳад буд, ки дар назди раиси вилоят фаъолият мекунад.
“Ҳадаф дорем ин ниҳод соли ҷорӣ таъсис дода шавад. Ба ҳайати он намояндагони расонаҳо ва мақомоти давлатӣ шомил мешаванд. Мехоҳем дар ин Шуро масоили ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ВАО-и минтақа баррасӣ шуда, дастовардҳои вилоят муаррифӣ гарданд”, - гуфт Музаффар Мирзозода.
Аммо дар хусуси санаи дақиқи таъсиси шӯро иттилоъ дода нашуд.
Бояд гуфт, ки чунин шӯро дар сатҳи ҷумҳурӣ аллакай фаъолият дошта, як созмони мустақили рӯзноманигорӣ аст. Он аз ҳуқуқи хабарнигорон ҳимоят мекунад ва маводи онҳоро дар мавриди риояи одоби касбӣ таҳлил менамояд.
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
"Толибон" бозии шатранҷро дар Афғонистон манъ карданд
Размикори мағлубнашудаи тоҷик бо АСА қарордод баст
Расонаҳо аз ҳалокати 8 коргари афғонистонӣ дар яке аз конҳои ангишти Тоҷикистон хабар медиҳанд
Аввал музокирот ё оташбас? Баҳси нави Русия ва Украина барои анҷоми ҷанг
Наҷоти як зан, ки мехост бо 2 кӯдакаш худкушӣ кунад. Чанд ҳаводису ахбори ҷиноятии рӯзҳои охир
Давраи чоруми музокироти Эрону Амрико ҳам бидуни натиҷаи чашмрас анҷом ёфт
Медали биринҷии қаиқронони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
Эмомалӣ Раҳмон Попи нави Рум ва садри аъзами Олмонро табрик кард
Шашмақом моли кист? Чаро "Википедия" онро моли яҳудиён медонад ва ҳақиқати таърих чист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста