Имрӯз, 1 март, тахминан соати 11:10 дар қисми бештари Тоҷикистон якбора барқ қатъ шуд.
Сокинони пойтахт аввалин шуда аз қатъи барқ хабар доданд. Ба ҷуз аз бебарқӣ, сокинони шаҳр аз қатъи интиқоли гармидиҳӣ ва оби ошомиданӣ ва набуди иртиботу интернет дар бархе аз ширкатҳои мобилӣ шикоят доранд.
Қариб дар як вақт бо пойтахт дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар интиқоли барқ қатъ шуд. Хонандагони “Азия-Плюс” аз қатъи нерӯи барқ дар Хуҷанд ва бархе аз навоҳии вилояти Суғд хабар медиҳанд.
Дар аксари манотиқи кишвар феълан сокинон нерӯи барқ надоранд, аммо эҳтимол ин ба далели маҳдудияти қаблан ҷоришудаи барқ бошад.
То ҷое медонем, дар миёни шаҳрҳои бузург ва марказҳои вилоятӣ нерӯи барқ танҳо дар шаҳри Бохтар мавҷуд аст. ВМКБ аз ҳисоби нерӯгоҳҳои барқии маҳаллӣ бо қувваи барқ таъмин аст.
Хабаргузории "Азия-Плюс" то замони нашри ин хабар натавонист бо ниҳодҳои масъул, аз ҷумла "Барқи тоҷик", шабакаҳои барқи пойтахт ва шаҳрдорӣ дар тамос шавад, то сабаби қатъи барқро маълум намояд.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи як манбаъи «Азия-Плюс» аз Нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, сабаби қатъи сартосарии барқ садама дар ин нерӯгоҳ аст. Дар ҳоли ҳозир мо натавонистем ин хабарро расман ё аз манобеи дигар таъйид кунем.
Хабар такмил мешавад.