Тоҷикистон ихроҷи баъзе шаҳрвандони Афғонистон аз хоки кишварро таъйид кард ва бархе далоили ин амалкардро шарҳ дод, вале ҳамоно Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва Кумитаи паноҳҷӯёни Афғонистон дар Душанбе аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ мекунанд. Паноҳҷӯёни Афғонистон бошанд, аз раванди боздошту ихроҷ бо ҳарос ҳарф мезананд.

 

Далели ихроҷи паноҳҷӯёни Афғонистон

Рӯзи шанбеи 19-уми июл хабаргузории “Ховар” бо такя ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон хабар дод, ки ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон ба далели нақзи қонунгузории кишвар дар робита ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ сурат мегирад.

“Зимни санҷиш далелҳои зерини халалдор кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардиданд: муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ташвиқу тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ, вайрон кардани талаботи низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари сеюм, истифода кардани қаламрави Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ ва монанди инҳо”, - менависад Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон.

Вобаста ба ин, Қӯшунҳои сарҳадӣ таъкид намудааст, ки ҳоло чораҳои аз ҳудуди Тоҷикистон берун кардани ин афрод тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ дида баромада мешавад.

Гарчанде дар аввали хабари Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳини зикри далелҳои ихроҷ ба таври умум “шаҳрвандони хориҷӣ” зикр мешавад, вале дар охири хабар таъкид мегардад, ки “ихроҷи теъдоди муайяни шаҳрвандони Афғонистон низ ба ҳамин сабаб аст”.

 

Лаҳзаи ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон аз Тоҷикистон
Намогирифт

“Касе хаттӣ муроҷиат накардааст”

Дар ҳамин ҳол, Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва Кумитаи паноҳҷӯёни Афғонистон дар Душанбе ҳамоно аз додани иттилоъ дар ин маврид худдорӣ мекунанд. Аз ин ду ҷо имрӯз ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки то кунун ҳеҷ паноҳандаи Афғонистон ба таври хаттӣ ба Сафорат ё Кумита муроҷиат накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки хабаргузории “Khaama Press”-и Афғонистон рӯзи 9-уми июл бо нашри гузорише аз додани муҳлати 15-рӯза барои тарки Тоҷикистон ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ хабар дода, изҳор дошт, ки ин иқдом "нигарониҳои ҷиддиро" дар миёни ҳазорҳо муҳоҷири афғонистонӣ, аз ҷумла онҳое, ки ҳуҷҷатҳои қонунии иқомат доранд, ба бор овардааст.

Ин расона афзудааст, ки мақомоти Тоҷикистон аз аввали моҳи июл боздошти муҳоҷиронро дар минтақаҳое чун шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ "шадидтар кардаанд" ва бисёре аз афрод бидуни огоҳии пешакӣ ва ё имкони шикояти ҳуқуқӣ аз ҷойи кори худ боздошт ва ба Афғонистон бозпас фиристода шудаанд.

 

Акси марбут
Акс аз сомонаи uztag.info

“Наметавонем дар бораи раванди боздошт ва ихроҷ ҳарф занем”

Рӯзи 16-уми июл хабаргузории “Afganistan International” бо такя ба манобеи худ навишт, ки нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ҳамон рӯз теъдоде аз муҳоҷири афғонистониро аз манотиқи мухталиф, аз ҷумла аз як курси омӯзишӣ, бемористон, марокизи тиҷоратӣ ва манотиқи дигари кишвар боздошт ва барои ихроҷ ба Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон интиқол додаанд.

Як паноҳандаи афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба “Afganistan International” гуфтааст, ки ҳоло дар миёни паноҳандагон “фазои нафасгир” ба вуҷуд омадааст ва онҳо аз тарс наметавонанд дар бораи раванди боздошт ва ихроҷ ҳарф зананд.

“Паноҳандагони афғонистонӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, аксари онҳо дар пайи баррасии парвандаҳои муҳоҷирати худ дар кишварҳои ғарбӣ ҳастанд. Онҳо аз ниҳодҳои байналмилалӣ хостаанд, то мушкилоти Афғонистон дар Тоҷикистонро ҳал кунанд. Теъдоди зиёди ин гурезагон низомиён ва мансабдорони ҳукумати пешин мебошанд”, - менависад “Afganistan International”.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор шаҳрвандони Афғонистон паноҳанда ҳастанд ва онҳо асосан дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ муқим мебошанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.