Дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ки соли гузашта ҳамагӣ 60 фоизии нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шуда буд, 90% тухмии пахтаро иваз ва аз кишварҳои ҳамсоя харидорӣ кардаанд. Ҳамчунин, парвариши пахтаро бо технологияи нав ба роҳ мондаанд. Ин ҳама пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар сурат гирифтааст.
Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни нишасти хабарӣ гуфт, имсол дар майдони беш аз 10 ҳазор га пахта кишт шудааст ва нақша доранд, 28 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд.
“Тухмии нав хуб нашъунамо кард ва кишоварзони ноҳияи имсол бо сари баланд аз уҳдаи иҷрои нақшаи ҷамъварии пахта мебароянд”, - зикр кард Ализода.
Ӯ мушкил дар иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахтаро аввали имсол, зимни нишасти матбуотӣ эътироф карда, зикр карда буд, ки соли 2024 “дар ноҳия бояд 28 ҳазору 400 тонна пахта ҷамъоварӣ мешуд, аммо ҳамагӣ 17 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд. Яъне аз нақша наздики 11,4 ҳазор тонна кам ҷамъоварӣ гардид”.

“Ҳаво якбора 43-44 дараҷа гарм шуд, ки деҳқонон 20-30% ҳосилро аз даст доданд. Ҳатто дар баъзе хоҷагиҳо пахта як-ду ваҷаб қад кашиду боз хушкид. Баъди дархоси мо аз тарафи як шӯъбаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ташхис карданд ва маълум шуд, ки беш аз 40%-и тухмиҳое, ки дар ноҳияи Мастчоҳ мавҷуд аст тухмиҳои техникӣ будааст”-шарҳ дода буд ӯ.
Иҷро нашудани нақшаи ҷамъварии пахта дар аввали соли гузашта дар ҷаласаи ҳукумати кишвар ҳам аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар мавриди интиқод қарор гирифт.
Ӯ гуфт, “... барои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмии баландсифати зироатҳои кишоварзӣ, бахусус, пахта ва ғалладонагиҳо ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд”.
Бояд гуфт, Мастчоҳ ягона ноҳияе нест, ки соли гузашта нақшаи ҷамъварии пахтаро иҷро накардааст. Ба иттилои мақомоти вилоят, ҳамаи 7 шаҳру навоҳии вилояти Суғд, ки пахта кишт мешавад, нақшаро иҷро накардаанд. Аммо маълум нест, ки навоҳии боқимонда барои ислоҳи вазъ чӣ кор кардаанд.





“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста