Муқим Ашӯров, соҳибкоре, ки дар гузашта ба ҳайси қудои Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ёд мешуд, баъди пардохти ҷарима ва раҳоӣ аз боздошт, дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, “4 сол боз қудои сарвазир нестам ва дигар маро қудои сарвазир муаррифӣ накунед”.
Муқим Ашӯров, ки дар ду соли охир ду маротиба боздошт ва бо пардохти ҷарима озод шуд, ба "қаллобии махсусан калон" айбдор мешуд. Бори аввал моҳи майи соли равон боздошт ва ба қаллобӣ гумонбар ва он замон ҳам баъди ду моҳ озод шуд. Худаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “қаллоб нею “қарздор” буд ва он вомро пардохт”.
Ниҳолбӣ Иброҳимова, додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, ки парвандаи Муқим Ашӯровро баррасӣ кардааст, дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, “мо нусхаи ҳукмро ба дасти худи маҳкумшуда додаем ва аз ӯ метавонед миқдори ҷаримаро аниқ кунед”.
Худи Муқим Ашӯров дар суҳбат ба “Азия-плюс” нахост дар бораи парвандааш суҳбат кунад ва танҳо гуфт, “ҳар чӣ буд, гузашт”.
Ҳамин тариқ, маълум нест, ки ҷонибҳо ба чӣ созиш расиданд, Ашӯров чӣ қадар ҷарима шуд ва оё даъвогар ба ҳукми додгоҳ розӣ ҳаст ё не.
Муқим Ашӯров, ки дар гузашта ҳамчун қудои сарвазири Тоҷикистон муаррифӣ мешуд, ба мо гуфт, “4 сол боз қудои сарвазир нестам ва дигар маро қудои марвазир муаррифӣ накунед”.
Мурофиаи Муқим Ашӯров баъди дубора боздошт шуданаш, бояд рӯзи 30-юми сентябри соли 2025 дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд. Ӯ ба "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (моддаи 247 қисми 4 банди б) айбдор мешуд. Ин банди қонунгузорӣ аз 109 ҳазору 500 то 164 ҳазору 250 сомонӣ (1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, як нишондиҳанда дар соли 2025-ум 75 сомонӣ) ҷарима ва ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Вале бо сабабҳои барои расонаҳо номаълум, ба рӯзи дигар гузошта шуд. Ҳамин тариқ, кай ва чӣ гуна гузаштани мурофиа маълум нест.
Бояд гуфт, ки Муқим Ашӯров соли гузашта дар пайи шикояти як сокини шаҳри Хуҷанд боздошт шуда буд. Гуфта мешуд, ки ӯ чанд сол пеш ба боварии як сокини Хуҷанд даромада, барои фурӯши мағозаи чорошёна 320 ҳазор доллар гирифтааст. Баъдан он мағозаро боз ба каси дигар фурӯхта, маблағи аввалиро бозпас надодааст. Бо гузашти ду моҳ ба озодӣ баромад ва гуфт, қарзро пардохт кардааст.
Маълумот дар бораи Мақим Ашӯров хело кам аст. Танҳо маълум аст, ки ӯ сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҷойи зисташро шаҳри Хуҷанд ва масъулияташро мудири ширкати сайёҳии “Спутник” навиштааст.





Мақомоти Молдова мехоҳанд бо Тоҷикистону Қирғизистон реҷаи раводид ҷорӣ кунанд
Эмомалӣ Раҳмон: “Бовар дорам, ки кормандони милитсия ба савганди худ ҳамеша содиқ мемонанд”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2025
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста