Дирӯз, 11-уми ноябр, дар Душанбе Анҷумани 16-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) баргузор шуд. Дар он ба Оиннома тағйирот ворид карданд ва Низом Қосим бори сеюм раиси ин иттиҳодия интихоб гардид. Аммо муовинонаш нав шуданд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз мунаққидону адабиётшиносон аз натиҷаи Анҷуман чандон розӣ нестанд ва мегӯянд, интизори тағйироти ҷиддӣ нестанд.

Дар Анҷумани Иттифоқи нависандагон кадом масъалаҳо баррасӣ шуд? Чаро ба Оиннома тағйирот ворид шуд? Барои чӣ раиси Комиссияи тафтишот пурра ҳисобот надод? Чӣ пешниҳодот буд? Ва чаро мунаққидон аз натиҷа розӣ нестанд? Ба ин саволҳо “Азия-Плюс” посух ёфт.

 

Интиқоди Низом Қосим

Анҷумани ИНТ соати 9:00 оғоз шуд ва то соати 18:00 идома кард. Дар он 223 вакил ва аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ширкат доштанд.

Ибтидо Низом Қосим аз фаъолияти панҷсолаи худ ва аъзои Иттифоқи нависандагон қариб 2,5 соат ҳисобот дод. Ӯ гуфт, ҳоло Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 377 узв дорад, ки зинда ҳастанд.

 

Низом Қосим
Asia-Plus

Раиси иттифоқ роман, қисса, ҳикоя, детектив ва дигар анвои насри дар панҷ соли охир иншошударо мавриди таҳлил қарор дода, ҳусну қубҳи онҳоро гуфт. Аз ҷумла, вай гуфт, дар панҷ сол 15 романи нав дар шакли китоб чоп шуда, 6 романи дигар дар маҷаллаи “Садои шарқ” ба табъ расидаанд.

“Ҳамаи ин навиштаҳо (романҳо дар назар аст, - аз идора), мутаассифона, дар талаботи жанри муҳташами адабӣ ҷавобгӯ нестанд. Аксаран адами таҷрибаи кофии эҷодӣ боиси пароканда ё номукаммал будани сужаи асар шудааст. Таҳрифи таърих ва зиёдаравӣ дар чеҳраофаринӣ ва норасоиҳои дигар дар романҳои навишташуда дида мешаванд”, - гуфт Низом Қосим.

Ӯ афзуд, “истифодаи вожаҳо дар ғайри мавқеъ, бидуни зарурат ба сурати ихтисор овардани калимае, ки хоси забони назманд, муғлақбаёнӣ, ҷумлаҳои беасос нотамом, сенуқтаҳои беҳадафу бемаънӣ, истифодаи калимаю ибора ва баёнҳои ғайритоҷикӣ, тафсилоти нозаруру дилбазани воқеаҳо аз ҷумлаи норасиҳоянд, ки зиёд ба чашм расиданд”.

 

Ба гуфтаи раиси иттифоқ, аз нигоҳи шумора иншои роман хушҳолкунанда аст, аммо “аз нигоҳи таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои замон, дастовардҳои замони истиқлол, офаридани шахсиятҳои маҷмӯии даврони нав ва масъалаҳои забону ҳусни баён нигаронкунанда аст”.

Ӯ инчунин ҳикояҳои дар панҷ соли охир навишташударо таҳлил карда, чунин хулоса баровард, ки “ҳикояҳои нағз аз ҳикоянависҳо ҳам камтаранд”.

 

Asia-Plus

Низом Қосим назми дар панҷ соли охир эҷодшударо ҳам мавриди таҳқиқ қарор дода, бурду бохти онҳоро нақд кард.

Номбурда аз мақолаву мусоҳибаҳо, ҳаҷв ва дигар анҷом публитсистӣ ҳам ёд оварда, беҳтарини онҳоро ном бурд. Ӯ инчунин таъкид кард, ки нақди адабӣ ҳам нисбат ба 5 соли пеш беҳтар ва бештар шудааст.

 

Қатъи танқиди Азизи Азиз

Пас аз ҳисоботи раиси Иттифоқи нависандагон, Азизи Азиз, нависандаи тоҷик, ки дар панҷсолаи охир раиси Комиссияи тафтишоти ИНТ буд, қисман ҳисобот дод. Ӯ асосан ба маблағи харҷшуда тамаркуз карда, онро нокифоя гуфт.

Ба гуфтаи ӯ, “дар давраи ҳисоботӣ истироҳатгоҳи нависандагон дар дараи Варзоб тибқи сиёсати ғайридавлатӣ кардани моликият аз ҷониби Кумитаи анвол (Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ) ба музояда гузошта шуд ва ҳавличае, ки бар ивази он дода шуд, ғайри қобили истифода буда, барои обод карданаш маблағи хеле зиёд зарур аст”.

Раиси Комиссияи тафтишот аз ноободии Хонаи адибон ба номи Мирзо Турсунзода дар Душанбе ҳам ибрози нигаронӣ карда, гуфт, ки он ба таъмири куллӣ ниёз дорад.

 

Азизи Азиз
Asia-Plus

Азизи Азиз аз фаъолияти нашрияҳои назди Иттифоқи нависандагон (маҷаллаҳои “Садои шарқ”-у “Помир” ва ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”) ҳам интиқод карда, гуфт, “ҳанӯз ба дастгирӣ ниёз дорад”.

“Маоиши кормандонаш кам аст, ҳайати кормандон низ каманд. Ҳарчанд ҳаққи қалами маҷаллаи “Садои шарқ” дар қиёс ба нашрияҳои дигар зиёд аст, вале дар қиёс ба солҳои пешин кам мебошад. Ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ҳар сол қариб 10 ҳазор нафар обуна мешаванд, вале ҳаққи қалами он ҳанӯз ночиз аст. Ҷои афсӯс аст, ки аксарияти аъзои ИН ба нашрияҳои худ обуна нестанд. Вале ин се нашрия бо вуҷуди ин барои адабиёт ва миллат хидмати шоиста анҷом дода истодаанд”, - гуфт раиси Комиссияи тафтишот.

Назму молиёти Шӯъбаҳои Иттифоқи нависандагон ва намояндагиҳои он дар музофоти кишвар ҳам мавриди таҳлили Азизи Азиз қарор гирифт. Ӯ гуфт, “Хазинаи адабиёт аз соли 2013 ба инҷониб дастгирӣ намебинад, бо вуҷуди ин дар солҳои 2021-2024 ба маблағи 118 ҳазор 971 сомонӣ корҳо ба сомон расонида шудаанд”.

Хазинаи адабиёт дар назди ИН буда, он аз ҳисоби буҷети ҳукумат маблағгузорӣ мешавад.

Раиси Комиссияи тафтишот мехост, ки дигар бахшҳои фаъолияти ИНТ-ро мавриди таҳлил қарор диҳад, вале ба далели “беш аз 5 дақиқа ҳисобот додан” суханронии ӯ аз ҷониби раиси ИН қатъ карда шуд.

“Азия-Плюс” хост ба таври ҷудогона хулосаҳои Азизи Азизро аз ӯ пурсад, вале худи нависанда аз гуфтани дигар интиқодҳояш худдорӣ кард.

 

Ҳисобот ва пешниҳодоти бахшҳои ИН дар музофот​​​​​​​

Дар идомаи Анҷуман Аҳмадҷони Раҳматзод, Ҳақназар Ғоиб, Лаълҷӯбаи Мирзоҳасан – роҳбарони бахшҳои Иттифоқи нависандагон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мухтасар ҳисобот доданд.

Аз миёни онҳо Аҳмадҷони Раҳматзод пешниҳод кард, ки дар назди ИНТ курсҳои 6-моҳа ё 1-сола барои тарбияти шоирони ҷавон таъсис шавад.

Аз миёни адибон Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон, ба минбар баромад ва ду пешниҳод ироа кард. Ӯ гуфт, қариб 90 дарсади аъзоёни ИНТ шоир ҳастанд, вале аксарашон минбари нашри ашъорашонро надоранд. Бинобар ин, ба гуфтаи Камол Насрулло, зарур аст, ки маҷаллаи “Адиб”, ки се шумора баромад, аз нав сари минбар ояд ва ё нашрияи нави махсус барои нашри шеърҳо таъсис ёбад.

 

“Ашъори дар Фейсбук нашршуда бояд нақд шаванд”​​​​​​​

Камол Насрулло аз нашри ашъори ҷавоншоирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба вижа Фейсбук нигаронӣ карда, хост дар ин маврид чораандешӣ шавад.

“Мушоҳида мешавад, ки Фейсбук ва дунёи дигари маҷозӣ бо ангезишҳои бештару пештар вомедорад, ки ҷавоншоирони мо навиштаҳои бетаҳрир ва ноқису хоми худро ба дунёи маҷозӣ интишор диҳанд ва ба кафкӯбиҳову офарингӯиҳои дурӯғини хонандагони бесалоҳият бовар кунанду ғарра шуда, аз рушду инкишоф боз монанд. Дар ин росто, аксари навқаламони мо бо таъсири дунёи маҷозӣ ҳайф шуда истодаанд. Ҳатто онҳое, ки истеъдод доранд”, - гуфт ин Шоири халқии Тоҷикистон.

Ӯ дар ин робита пешниҳод кард, ки моҳе ду маротиба мунаққидону адабиётшиносони варзидаи Иттифоқи нависандагон шеърҳои дар фазои маҷозӣ нашршударо мавриди таҳлил ва нақд қарор дода, натиҷаи онро дар нашрияҳои адабӣ ва ҳатто дар худи фазои маҷозӣ нашр кунанд.

 

Камол Насрулло
Asia-Plus

“Ин амал имкон медиҳад, ки ҳаводорони шеър аз баҳои арзандаи шеърҳои дар Фейсбук нашршуда бохабар шаванд. Ман намегӯям, ки бо ин пеши роҳи навиштаҳои беарзише бо номи “шеър” гирифта мешавад, аммо то ҷое ин амал барои дарки шеъри асил ба хонандагони оддӣ кӯмак мекунад. Ин амал хеле беҳтар аст аз чорае надидан”, - таъкид кард Камол Насрулло.

Ин шоир ҳамзамон пешниҳод кард, ки барои баланд бардоштани тафаккури мардум нисбат ба шеър Иттифоқи нависандагон дар фазои маҷозӣ озмунҳои шеърӣ баргузор намояд.

 

Тағйирот ба Оиннома ва интихоби роҳбарият​​​​​​​

Пас аз зуҳр дар Анҷуман ба Оинномаи Иттифоқи нависандагон тағйирот ворид шуд ва чанд маҳдудиятро аз он бардоштанд. Тибқи Оинномаи қаблӣ, як шахс метавонист то ду маротиба роҳбари Иттифоқи нависандагон интихоб шавад. Инчунин, бар асоси он Оиннома, адибон то 55-солагӣ ба узвияти ин иттиҳодия пазируфта мешуданд. Акнун ин ду маҳдудият бардошта шуданд.

Баъди ин тағйирот, интихоби аъзои садорати Иттифоқи нависандагон ҷараён гирифта, 57 нафар ба он пазируфта шуданд. Дар давраи гузашта 47 кас аъзои садорати ИН буданд. Ҳамин тавр, 15 каси онҳо аъзои раёсати ИН интихоб шуданд.

Барои раисӣ вакилон танҳо як номзад доштанд - Низом Қосим. Бинобар он ки маҳдудияти роҳбарӣ аз Оиннома бардошта шуд ва Низом Қосим рақиб надошт, бо овоздиҳии ошкоро бори сеюм раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуд. Ӯ бори аввал соли 2015 раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуд ва соли 2020 низ ин маснадро нигоҳ дошта буд.

Бо пешниҳоди Низом Қосим, Толиби Луқмон муовини аввал ва Сироҷиддин Икромӣ муовини раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуданд. Боз киҳо чӣ вазифа гирифтанд, дар хабари дигари “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

 

Asia-Plus

Шарҳи тағйирот ба Оиннома​​​​​​​

Ато Мирхоҷа, акнун собиқ муовини аввали раиси ИН, ки масъули тағйирот ба Оиннома буд, ҷузъиёти онро ба “Азия-Плюс” шарҳ дод. Ӯ гуфт, маҳдудияти то ду маротиба раис интихоб шудани як нафар дар Анҷумани 10-уми Иттифоқи нависандагон дар соли 1991 гузошта шуда буд.

Ба гуфтаи ӯ, он солҳо дар як курсӣ зиёд мондан баҳсбарангез буд, аз ин рӯ дар Анҷумани 10-ум рақобати ҷидди миёни Лоиқ Шералӣ ва Аскар Ҳаким сурат гирифт ва бинобар он ки раис зиёд дар курсӣ намонад, вакилон ин маҳдудиятро пешниҳод карданд ва дар Оиннома ҷой доданд.

“Акнун замон дигар шуд ва зарур шуморидем, ки ба Оиннома тағйирот ворид кунем. Дар асоси тағйироти қабулшуда, акнун вакилон ҳар касро чанд боре, ки мехоҳанд, ба курсии роҳбарии ИН пешниҳод мекунанд”, - гуфт Мирхоҷа.

Ӯ ҳамчунин шарҳ дод, ки маҳдудияти то 55-сола узви Иттифоқи нависандагон шудан дар Анҷумани 12-ум дар соли 2003 дар давраи роҳбарии Меҳмон Бахтӣ гузошта шуда буд.

 

Ато Мирхоҷа
Asia-Plus

“Он замон роҳбарият ва вакилони Иттифоқи нависандагон инро зарур мешумориданд. Баъдан маҳдудияти мазкур баҳсбарангез шуд. Билохира, вакилони Анҷумани 16-ум онро лағв карданд. Акнун агар адиб 100-сола ҳам бошад, ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта мешавад”, - иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.

 

“Фақат бо дастбардориву чаппакзанӣ гузашт”​​​​​​​

Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшинос ва мунаққиди шинохта, пас аз баргузории Анҷуман, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз ҷараёни он розӣ нест.

“Анҷуман чӣ гуна дар мактаби миёна дарс мегузарад, ҳамон хел гузашт. Яъне, фақат бо дастбардориву чаппакзанӣ гузашт. Гӯё ягон норасӣ ва камбудӣ дар фаъолияти Иттифоқи нависандагон набуд, ягон чӣ номбар нашуд. Ин хел намешавад. Ин ба манфиати кор нест”, - гуфт Абдуманнонов.

Ин мунаққид афзуд, дар панҷ соли охир “ҳар бахш аз рӯйи имконияташ кор кард, вале аз ин беҳтар ҳам кор кардан мумкин буд”. Ӯ аз адами муҳити адабӣ дар Иттифоқи нависандгон мисол оварда, гуфт, ки “солҳои пеш ҷаласаҳои бисёр ҷиддии адабӣ баргузор мешуданд. Жанрҳои адабӣ, равияҳо, эҷодиёти адибони ҷудогона муҳокима мешуданд. Ҳамаи инҳо қариб аз байн рафтаанд”.

Абдураҳмон Абдуманнонов гуфт, ки ҳоло шоирону нависандагон ба Иттифоқи нависандгон бисёр кам меоянд ва ин ба муҳит таъсири манфӣ мерасонад. Роҳбарият пеш аз ҳама бояд муҳити адабиро фароҳам орад, адибонро сарҷамъ созад, то ки кор ба нафъи адабиёт пеш равад.

 

Абдураҳмон Абдуманнонов
Asia-Plus

Дар омади гап, аз миёни 223 вакили дар Анҷумани 16-ум ширкаткарда танҳо Абдураҳмон Абдуманнонов чанд маротиба эътироз кард. Аз ҷумла, вақте Низом Қосим барномаи Анҷуманро пешниҳод карда, гуфт, ки барои шунидани ҳисоботи раиси Иттифоқи нависандагон 2,5 соат ҷудо шудааст, ягона нафаре, ки зид баромад Абдуманнонов буд.

Пасон вакилон танҳо дар долонҳо дар бораи ҳисоботи дарози раиси Иттифоқи нависандагон ҳарф зада, гуфтанд, ки мешуд шакли пурраи онро дар нашриёт чоп карда, дар Анҷуман танҳо хулосаҳояшро мехонд.

 

Сатторзода тағйироти усулиро интизор надорад​​​​​​​

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшинос ва мунаққиди дигар, гуфт, ки “Анҷуман ором, ҳамвор ва пурмуҳтаво гузашт”. Ӯ ба саволи он ки чаро Анҷуман бидуни баҳсу баррасии ҷиддӣ гузашт, посух дод, ки “баъзан баҳс кардан ҳоҷат надорад”.

“Баҳс кардан ба иштироккунандагон марбут буд. Ман барояшон имконият додам, гуфтам, ки фикратонро гӯед, савол диҳед. Мутаассифона, худи аъзоёни Иттифоқи нависандагон дар ин маврид фаъол набуданд”, - иброз дошт профессор Сатторзода.

Сатторзода, ки дар панҷсолаи гузашта узви садорат ва раёсати Иттифоқи нависандагон буд, гуфт, “натиҷаҳо қонеъкунанда буданд”. Ӯ афзуд, дар панҷсолаи оянда аз раёсат ва роҳбарияти Иттифоқи нависандагон “тағйироти усулӣ”-ро интизор надорад, вале шояд тағйироти ҷузъӣ шавад.

 

Абдунабӣ Сатторзода (дар байн)
Asia-Plus

Бояд гуфт, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфтааст ва то кунун онро Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ ва Низом Қосим раҳбарӣ кардаанд.

Ин иттиҳодия дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд ва раиси он дар ҷомеа аз мақом ва нуфузи болое бархӯрдор буд. Хусусан замони раисии Мирзо Турсунзода он яке аз ниҳодҳои муҳими идеологии Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар соли 1991 интихоби раиси ин ниҳод яке аз пурбаҳстарин интихобот буд ва он замон Лоиқ Шералӣ ва Аскар Ҳаким номзади асосӣ буданд. Он вақт Аскар Ҳаким басо чолишбарангез пирӯз эълон шуд. Раванди интихобот ва натиҷаи он ҳам суолҳои зиёдеро аз худ боқӣ гузошт.

Пас аз ин интихобот дигар барои курсии раисии ИН рақобати пурбаҳсу шадид сурат нагирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.