То охири нимсолаи аввали соли 2022 захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 8,1 моҳ барои рӯйпӯши воридоти кишварро ташкил доданд, хабар дод имрӯз, 18 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе муовини раиси БМТ Фирдавс Толибзода.
Нисбат ба аввали сол ин нишондиҳанда ба 1 моҳ зиёдтар барои рӯйпӯши воридот баробар аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар бозори нақдӣ барои дастгирии пули миллӣ ба маблағи 64,8 млн доллар дахолат (интервенсия)-и асъорӣ сурат гирифтааст.
Толибзода таъкид дошт, ки дахолат ба бозори асъор дар нимсолаи аввали сол моҳи март анҷом дода шудааст.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9 март Бонки миллӣ қурби расмии долларро нисбат ба сомонӣ якбора ба андозаи 15% сомонӣ тағйир дод.
Дар шарҳи БМТ он замон зикр шуда буд, ки фарқият байни қурби расмӣ ва қурби мубодилаи доллари нақд дар бозори ғайрирасмӣ ба ҳолати рӯзи 8 март 15,9%-ро ташкил додааст.
Қаблан Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council) ҳаҷми умумии захираҳои давлатии тиллои пулии Тоҷикистонро то аввали семоҳаи дуюми соли равон 17,19 тонна ба маблағи ҳудуди 1,1 млрд доллар арзёбӣ карда буд.
Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои тиллои худро аз ҳисоби истеҳсолоти маҳаллӣ пур мекунад.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста