Нимсолаи аввали соли равон маблағи пардохтҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои фурӯш ва хидматрасонии Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 2 баробар афзудааст.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар моҳҳои январ-июни соли 2022 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) ба маблағи 2,9 млрд. сомонӣ амалиёт анҷом дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96,9 фоиз афзоиш ёфтаанд.

Гуфта мешавад, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ бо истифода аз кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ 14,3 млн адад амалиётҳои ғайринақдии пардохти молу хизматрасониҳо гузаронида шудаанд, ки 31,2% зиёдтар нисбат ба давраи моҳҳои январ-июни соли 2021 мебошад.

Ба ин тариқ, маблағи як амалиёт бо истифода аз кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ ба ҳисоби миёна 203 сомонӣ (20 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Бо назардошти вазъияти мавҷуда дар кишвар ин нишондиҳанда маблағи калон буда, қариб ба ҳаҷми миёнаи нафақа ва сеяки маоши минималӣ дар кишвар баробар аст.

Дар ҳамин ҳол, инро ҳам ба инобат гирифтан лозим аст, ки бо пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон асосан амалиёти пардохти хидматрасониҳои гуногун (пули барқу об ва ғайра) анҷом дода мешаванд.

Шароит барои пардохти ғайринақдии молу маҳсулот танҳо дар баъзе нуқтаҳои фурӯши шаҳрҳои нисбатан бузурги ҷумҳурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ин нуқтаҳо аксаран шахсони нисбатан доро харид мекунанд, зеро нарх дар онҳо дар муқоиса бо дигар нуқтаҳои фурӯш баландтар аст.

Чанд сол пеш низоми пардохти ғайринақдӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ (автобусу троллейбусҳо) роҳандозӣ шуда, вақтҳои аввал танҳо бо доштани корт аз онҳо истифода кардан мумкин буд, лекин ҳозир ронандагон бидуни ҳеҷ мушкил пули нақдро ҳам қабул мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои БМТ, дар ин давра таносуби ҳаҷми амалиётҳои гирифтани пули нақд ва пардохти ғайринақдии молу хизматрасониҳо бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 89,1 фоиз ба 10,9 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳиссаи амалиётҳои ғайринақдӣ 1,2 банди фоизӣ зиёд гардидааст.

Гуфта мешавад, ба санаи 30 июни соли 2022 шумораи кортҳои пардохтии бонкии ба муомилот баровардашуда 4,2 млн. ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 28 фоиз зиёд мебошад.

Теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ наздики 5 млн. ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,0 млн. адад (70 фоиз) афзоиш ёфт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.