Тайи ду-се рӯзи ахир нархи помидор дар Тоҷикистон босуръат боло рафт. Субҳи рӯзи 26 июл дар бозори маҳаллаи 33-юми шаҳри Душанбе савдогарон аз водии Ҳисор, ки маҳсулоти худро тариқи қатораи “Пахтаобод-Душанбе” ба пойтахт меоранд, 1 кило помидорро бо савдогарони чаканафурӯш бо нархи 7-8 сомонӣ мефурӯхтанд. Онҳо дар навбати худ нархи помидорро дар бозорҳо то 10-12 сомонӣ боло бардоштанд.

Фермер Абдуҳофиз Мирзоев якбора боло рафтани нархи помидорро ба давраи фосилавӣ рабт дод, ки пас аз анҷоми ҳосили барвақтӣ ва оғози ҳосили дерпази помидор ба миён омад.

«Одатан дар охири моҳи июл – аввали моҳи август ин давра оғоз мегардад ва дар ин вақт на танҳо помидор, балки дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳам қимат мешаванд. Пас аз як ҳафта ҷамъоварии навъҳои дерпаз сар шуда, нархҳо метавонанд поин раванд», - пешгӯи кард ӯ.

Ғайр аз ин, имсол дар робита ба қиматшавии нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ ва кирояи коргарон тамоили умумии болоравии нархҳо ба маҳсулоти кишоварзӣ ба мушоҳида мерасад.

Сабаби дигари боло рафтани нархҳо гармӣ гуфта мешавад. Кишоварзоне, ки помидор парвариш мекунанд, мегӯянд, тайи як ҳафтаи ахир бар асари гармии ғайримуқаррарӣ барои ҷамъоварии ҳосил ба саҳро набаромадаанд.

Як зани сокини шаҳри Турсунзода, ки помидор ҷамъоварӣ мекунад, шикоят кард, ки вақте онҳо барои ҷамъоварии помидор ба саҳро рафтаанд, аз ҷамъоварии помидор қариб дастҳояшон сӯхтааст, зеро баргу буттаи помидор гӯё оташ мегирифтанд.

Ба гуфтаи фермери дигар аз Шаҳринав Одил Атоев, қисмати зиёди растаниҳо аз нурҳои гарму сӯзони офтоб хушк шудааст.

“Бегоҳӣ об медиҳем ва рӯзона онҳо хушк мешаванд, ба қабати муҳофизатӣ мондан дар болои ҷӯякҳо ва саросари майдон барои нигаҳдории намӣ имкон нест, чунки об тез буғ мешавад”, - мегӯяд ӯ.

Сурат: a-dache.pro

Бино ба маълумоти коршиносони портали EastFruit, ҳамаи кишоварзон оқибатҳои гармии тоқатфарсоро эҳсос карда истодаанд.

“Ҳатто помидорҳое, ки ҳавои гармро "дӯст медоранд" дар саҳроҳо хушк мешаванд. Аз ин рӯ, ҳафтаи ахир пешниҳоди онҳо якбора кам шуда, нархҳо ду баробар боло рафт. Ҳоло 1 кило помидори аз 5 сомонӣ (0,49 доллар барои як кг) арзонтар нест, аммо барои фурӯши яклухти помидорҳои калон ва хушсифат фурӯшандагон 7 ($0,68) сомонӣ талаб мекунанд. Як ҳафта пеш нархи як кг помидор 3 сомонӣ (0,29 доллар) буд”, - изҳор доштааст мушовири байнулмилалии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) Бахтиёр Абдувоҳидов.

Ӯ ҳамчунин зикр мекунад, ки дар ин давра нарххҳои помидор дар Тоҷикистон то ҳадди ниҳоӣ поин рафта, мавсими консервкунии сабзавот барои зимистон оғоз мегардад. Аксирияти скоинони шаҳр бо нархи яклухт дар ҳаҷми зиёд сабзавот мехаранд, ки акнун бо ин нархҳо на ҳама имкон доранд.

Сурат: na-dache.pro

Бо назардошти талафоти бебозгашти деҳқонон, дар ин мавсим помидор шояд дигар арзон ҳам нашавад. Ин маънои онро дорад, ки аҳолиро акнун лозим меояд маҳсулоти хӯроквориро қимат бихарад ва эҳтимол меравад хароҷот барои ғизо дар фасли зимистон ба таври назаррас афзоиш ёбад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.