Холгер Вифел роҳбари Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ аз 1 июли соли 2023 ба иҷрои вазифаҳои худ дар Душанбе шурӯъ мекунад.
“Мехоҳам, ки таҷрибаи касбӣ ва минтақавии доштаамро барои пешбурди ҳадафҳои аоссии мо дар Тоҷикистон истифода барам. Инҳо иборатанд аз, ҷорисозии технологияҳои “сабз”, рақамикунонӣ, дастрасии беҳтар ба маблағгузорӣ барои корхонаҳои хурду миёна, дастгирии занони соҳибкор, баланд бардоштани устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим ва таҷдиди зерсохтори калидӣ ва ин танҳо чанде аз онҳост. Ин як даъватест, ки ман онро ҳақиқатан ҳам интизорам”, - гуфтааст ҷаноби Вифел.
Холгер Вифел шаҳрванди Олмон буда, соли 2013 аз муассисаи махсуси қарздиҳӣ ба корхонаҳои хурду миёнаи IPC GmbH бо таҷрибаи ғании касбии андӯхта ҳангоми фаъолият дар минтақаҳое чун Қафқоз, Чин ва Аврупои Шарқӣ ба БАТР омадааст.
Ӯ ба ҳайси ҳамоҳангсози барномаҳои қарздиҳии БАТР ба тиҷорати хурд дар минтақаи бузург аз Украина то Осиёи Марказӣ кор кардааст.
Ахиран ба сифати роҳбари Гурӯҳи маблағгузорӣ ва рушди тиҷорати хурду миёна дар Осиёи Марказӣ ва Муғулистон фаъолият дошт.
Ҷаноби Вифел дорои маълумоти олии иқтисодӣ, дараҷаи магистри маъмурикунонии кории Мактаби тиҷорати Мангейм (Олмон) ва Донишгоҳи Тунсзии Шанхай (Чин) мебошад.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз БАТР ба Тоҷикистон дар доираи 158 лоиҳа 892 млн евро маблағгузорӣ кардааст.
Аз Душанбе то Самарқанд. Муҷассамаҳои одамушшуаро Рӯдакӣ дар шаҳрҳои гуногуни олам
Иммунизатсия ва сифати ҳаёт
Шаҳрвандии фахрӣ барои 4 нафар ва грант барои 40 зани ҳунарманд. Рӯзи шаҳри Хуҷанд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Моҳи август дар Тоҷикистон болоравии босуръати нархҳо ба қайд гирифта шуд
Ҳалокати овозхони ҷавон Некрӯз Ниёзов дар садамаи нақлиёт
“Мубориза бо рафтори зидди ислом”. Додгоҳи Суғд як сокини Исфараро ба 13 соли зиндон маҳкум кард
Чаро маҳдудиятҳо ба содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон дахл карда наметавонанд?
Додситони кулли Тоҷикистон дар Испания дастгир ва истирдоди ҷинояткоронро баррасӣ кардааст
Соли 2023 дар Тоҷикистон 5,5% болоравии нарху тарифҳо дар назар аст
Додгоҳе дар Маскав як зодаи Тоҷикистонро барои саркашӣ аз сафарбаркунӣ 5 сол шартан аз озодӣ маҳрум кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста