Дар Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе лоиҳаи Созишнома оид ба таҳкими вобастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо мерасад. Мулоқот рӯзҳои Душанбе 14-15 сентябри соли 2023 баргузор мешавад, хабар медиҳад Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, мақсади имзои ин созишнома ба даст овардани муносибатҳои қавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика мебошад, аз ҷумла:
- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиети заминӣ;
- таъмини муҳити рақобат дар бозори хизматрасониҳои нақлиетӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ;
- баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла долонҳои мултимодалӣ;
- содда кардани раванди интиқол ва транзит тавассути нақлиёти заминӣ;
- рушди хизматрасониҳои муосири нақлиётию логистикӣ;
- татбиқ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла рақамисозии раванди ҳамлу нақли заминӣ;
- ташвиқ ва рушди амалияи истифодаи намудҳои экологии нақлиёт.
Дар доираи Мулоқоти машваратӣ 13 сентябр вазирони нақлиёти панҷ кишвари минтақа бори аввал нишаст доир хоҳанд кард.
Дар назар аст, ки дар ин нишаст, ки таҳти раёсати вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор мешавад, вазири нақлиёти Қазоқистон Марат Карабаев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон Тилек Текебаев (дар ҳоли мувофиқа аст), вазири нақлиёти Ӯзбекистон Илҳом Маҳкамов ва директори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Мамметхон Чакиев иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.
Дар нишаст ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба нақлиёт ва логистика ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолияти муштаракро баррасӣ мекунанд.
“Дар Душанбе вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа мулоқотҳои дуҷониба баргузор намуда, барои онҳо барномаи фарҳангӣ низ пешниҳод карда мешавад”, - зикр мешавад дар хабари Вазорати нақлиёт.