Дирӯз, 16-уми апрел, дар маҳфили иқтисодии “Тавозун” намояндагони вазору идораҳои давлатӣ, вакилони парлумон ва коршиносону журналистон мавзӯи соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва лоиҳаи қонун дар ин самтро, ки аллакай таҳия шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷамшед Муртазозода, вакили парлумон ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ гуфт, дар самти соҳибкории иҷтимоӣ дар кишвар қонуни алоҳида нест ва ягона ҳуҷҷате, ки дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ сухан меравад, ин Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 аст.
Номбурда афзуд, бо вуҷуди он ки дар робита ба соҳибкории иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои зерқонунӣ ҳаст, вале барои танзим ва дастгирии соҳа таҳия ва қабули қонуни алоҳида зарур аст.
“Моҳи октябри соли 2023 гурӯҳи корӣ дар ҳайати вакилони парлумони кишвар, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони мустақил оид ба таҳияи Қонуни ҶТ “Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ” таъсис дода шуд, ки тӯли камтар аз як соли фаъолияти худ лоиҳаи қонунро омода ва барои баррасӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод карданд”, - гуфт вакили парлумон.
Номбурда афзуд, баъди таҳияи пурраи лоиҳаи қонун он дар вазорату идораҳои кишвар мувофиқа ва баъд ба ҳукумати кишвар ирсол мешавад.
Ӯ гуфт, эҳтимол қонун то моҳи сентябр - октябри соли равон аз сӯи парлумон қабул шавад. Он аз муқаддима, 5 фасл ва 25 модда иборат аст.
Дар қонун 21 категорияи шаҳрвандон, аз ҷумла қишри осебпазири аҳолӣ ҳастанд, ки метавонанд ба соҳибкории иҷтимоӣ машғул шаванд.
Гуфта шуд, ки соҳибкории иҷтимоӣ як роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути тиҷорат буда, агарчи ҳадаф аз ҳама гуна тиҷорат даромад ба даст овардан аст, вале соҳибкории иҷтимоӣ бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа нигаронида шудааст.
Наргис Зокирова, директори ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ва узви гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ гуфт, шурӯъ аз соли 2018 дар Тоҷикистон ба масъалаи соҳибкории иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар робита ба имкониятҳои рушди соҳибкории иҷтимоӣ таҳлил гузаронида шуд.
Ҳамин тариқ, соли 2018 бо ширкати намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ гурӯҳи кори таъсис дода шуд, ки то соли он таҳлили ҳуқуқӣ ва иқтисодии мавзӯро гузаронида, лоиҳаи Консепсияи рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар кишварро омода кард, ки ҳоло дар баррасии ҳукумати кишвар қарор дорад.
“Гурӯҳи корӣ соли гузашта барои омӯхтани таҷрибаи соҳибкории иҷтимоӣ дар Молдова ба ин кишвар сафар кард. Ин кишвар барои додани статуси соҳибкори иҷтимоӣ дар назди Вазорати иқтисоди Малдова Комиссияи миллӣ таъсис додааст, ки он барои 3 сол дода мешавад. Гурӯҳи корӣ тарҷибаи ин кишварро омӯхта, ба шароити Тоҷикистон мувофиқат кард”, - гуфт Зокирова.
Бояд гуфт, ки ташкилотҳои ҷамъиятие, ки мехоҳанд дар Молдова мақоми соҳибкории иҷтимоӣ ба даст оранд, бояд ҶДММ сабти ном кунанд ва баъд мақоми соҳибкории иҷтимоиро ба даст моранд. Бояд 90% фоида ба фаъолияти иҷтимоӣ дубора сармоягузорӣ карда шавад.
Дар идома рӯзноманигорон аз масъулини давлатӣ ва вакили парлумон дар робита ба имтиёзҳое ки барои соҳибкории иҷтимоӣ дода мешавад, пурсиданд.
Аз ҷумла Собир Вазиров, сардори Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андоз посух дод, ки набояд танҳо ба имтиёзҳои андозӣ такя кард, бояд дигар имтиёзҳо, махсусан имтиёзҳо дар додани грантҳо, дастрасӣ ба инфрасохтор, қарзҳои камфоиз дода шавад. Идея бошад, имтиёзи андозӣ бошад, маблағ набошад, имтиёзро амалӣ карда намешавад.
Ӯ гуфт, ҳоло соҳибкории иҷтимоӣ аллакай аз имтиёзҳои андозӣ бархӯрдоранд ва моҳҳои наздик имтиёзҳои иловагӣ дода мешавад.
“Дар Кодекси андоз 8 низоми андоз пешбинӣ кардааст, ки ҳамаи онҳо имтиёзҳо доранд ва соҳибкорони иҷтимоӣ метавонанд дар он фаъолият кунанд ва аз имтиёзҳо бархӯрдор шаванд”,-гуфт ӯ.
Собир Вазиров нигаронӣ кард, ки додани имтиёзҳои андозӣ ба соҳибкорон ба аксиома табдил шудааст, ки гӯё имтиёзи андозӣ надиҳем, кор пеш намеравад. Ҳарчанд ҳоло барои соҳаи иҷтимоӣ ё соҳибкории иҷтимоӣ даҳҳо имтиёзҳои андозӣ вуҷуд дорад.
“Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки имтиёзҳои андозӣ замина барои рушди соҳаҳо аст. Масалан, 12 сол коркарди ниҳоии пахта аз андоз озод буд. Вале дар ин давра ягон корхона пахтаро то марҳилаи ниҳоӣ коркард накард. Аз ин имтиёз пурра бархӯрдор нашуданд ва истеҳсоли даркорӣ ба даст оварда нашуд. Яъне танҳо бо додани имтиёз масъаларо ҳал карда намешавад. Мушкил дар худидоракунии нодуруст, гирифтани қарзҳои бесамар, харидани таҷҳизоти қимматнок ва дигар омилҳо буд, ки имтиёзи андозӣ кор накард”, - гуфт ӯ.
Дар охир, моддаҳои алоҳидаи лоиҳаи қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ, тарзи андозбандии соҳибкорони иҷтимоӣ, намунаҳои соҳибкории иҷтимоӣ дар кишвар, истифодаи тарҷибаҳои дигари давлатҳо ва дар маҷмуъ мушкилоту дастоварди раванди татбиқи соҳибкории иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста