Дар радабандӣ (рейтинг)-и рақобатпазирӣ дар бахши сайёҳӣ байни 119 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон дар зинаи 99-ум қарор дорад. Ин радабандӣ аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ВЭФ) барои соли 2024 нашр шудааст.
Шохис (индекс)-и рақобатпазирии сайёҳӣ ва сайру саёҳат (TTDI) нишон медиҳад, ки аз 9 балли имконпазир Тоҷикистон 3,42 балл гирифтааст, ки нисбат ба солҳои пешин каме беҳтар аст.
Бари муқоиса, соли 2021 Тоҷикистон 3,41 балл ва дар соли 2019 - 3,40 балл дошт. Аз рӯи дигар нишондиҳандаҳо ҳам беҳбудӣ ба назар мерасад.
Соли 2023 1,2 млн нафар сайёҳон аз Тоҷикистон бозидид кардаанд, ки 20,2% зиёдтар нисбат ба соли 2022 мебошад. Дар семоҳаи аввали соли 2024 265 ҳазор сайёҳон ба Тоҷикистон омадаанд.
Бино ба маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, дар соли 2023 воридоти маблағ аз сайёҳӣ 18,1 млн доллар (соли 2021 - 6,4 млн доллар ва соли 2019 - 8,9 млн доллар)-ро ташкил дода, ҳиссаи сайёҳӣ дар ММД дар сатҳи 252,7 млн доллар (соли 2021 - 106,1 млн доллар ва соли 2019 - 221 млн доллар) арзёбӣ мешавад.
Дар категорияҳои амният ва ҳифзи солимӣ Тоҷикистон ба баллҳои баланд - мутаносибан 33 ва 64-ум аз 6,08 то 4,71 балл соҳиб шудааст.
Аз лиҳози рақобатпазирии нарх Тоҷикистон бо баҳои 5,90 балл мақоми 10-умро касб кардааст.
Аз рӯи нишондиҳандаи устувории экологӣ Тоҷикистон бо касби 3,93 балл дар зинаи 89-ум ва аз рӯи устувории талабот ба сайёҳӣ - бо 4,46 балл дар мақоми 21-ум қарор гирифтааст.
Аммо, тибқи маълумоти муаллифони радабандӣ, дар як қатор соҳаҳо Тоҷикистонро ҳоло лозим аст бисёр корҳоро ба сомон расонад. Дар категорияи хидматрасонӣ ва зерсохтор дар сайёҳӣ кишвар бо 1,63 балл зинаи 95-умро ишғол кардааст. Ин ба зарурати сармоягузории минбаъда ва беҳбуди шароит дар ин самт ишора мекунад.
Дар категорияи омодагии рақамӣ низ Тоҷикистон баҳои паст - 3,39 балл гирифта, дар зинаи 110-ум ҷойгир шудааст.
Гуфта мешавад, беҳбуди рақобатпазирӣ дар бахши сайёҳӣ ба ҷалби бештари сайёҳон ва зиёдшавии даромад аз фаъолият дар ин соҳа мусоидат намуда, ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонад.