Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Агентии қарзӣ-содиротии Қазоқистон (KAZAKHEXPORT) баҳри рушди шарикии стратегӣ ва ҳамкории дарозмуддат созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
19 –уми феврали соли 2025 Мирзосафар Сафаров, раиси ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” ва Сергей Куклин, муовини раиси Раёсати Агентии қарзӣ-содиротии Қазоқистон Созишномаи шарикии стратегӣ ва ҳамкории дарозмуддатро бо ҳадафи таҳкими фаъолияти суғуртаи мизоҷон ва тиҷорату сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва Қазоқистон имзо карданд.
Созишномаи мазкур барои мусоидат ва тавсеаи равобити тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон тавассути фароҳам овардани дастрасии бештар ба роҳҳои ҳалли маблағгузории тиҷоратӣ барои соҳибкорони ҳарди кишвар нигаронида шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар доираи созишномаи баимзорасида таҷриба ва захираҳои ҳарду ҷониб барои дастгирии содиркунандагон ва воридкунандагон истифода шуда, ба тиҷорати фаромарзӣ ва ҳавасмандгардонии рушди иқтисод мусоидат карда мешавад.
“Мо итминон дорем, ки ин созишнома ба ҷомеаи соҳибкории Тоҷикистон ва Қазоқистон таъсири мусбат мерасонад. Зеро он на танҳо дастрасиро ба сарчашмаҳои молиявӣ осон мекунад, балки ба коҳиши монеаҳои тиҷоратӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва рушди устувори иқтисоди кишварҳо мусоидат менамояд”, - мегӯяд, раиси Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон Мирзосафар Сафаров.
Ӯ таъкид мекунад, ки барои ICB ин ҳамкорӣ як қадами муҳим дониста мешавад, зеро он ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи Бонк дар сатҳи минтақавӣ мусоидат намуда, барои мизоҷони он роҳҳои нави имконияти рушд ва муваффақиятро боз мекунад.



“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста