Давоми 5 моҳи аввали солӣ 2025 ба Тоҷикистон 12 ҳазору 821 мошини барқӣ ё “электромобил” ворид гардидааст, ки қариб як баробар бештар нисбат ба нишондодҳои нимсолаи аввали соли гузашта будааст.
Вазорати нақлиёти кишвар хабар медиҳад, ки дар ним соли аввали соли 2024 ба Тоҷикистон 5 ҳазору 266 мошини барқӣ ворид гардида буд. Яъне, дар 5 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ин навъи нақлиёт нисбат ба 6 моҳи соли гузашта беш аз 1 баробар зиёд ворид шудааст.
Дар умум, тибқи иттилои ин ниҳод, то 1-уми июни ҳамин сол шумораи нақлиёти барқӣ дар кишвар ба 34 ҳазору 354 адад расидааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад, то соли 2028 то 30% мошинҳо дар кишвар барқӣ ё “электромобил” шаванд. Бо назардошти ин, “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028” қабул ва тадбирҳои зерин пешбинӣ гардидаанд:
- таъсиси пойгоҳ барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва ҷузъҳои онҳо;
- бунёди инфрасохтор барои таъмини барқ ва нигоҳдории мошинҳои барқӣ;
- таҳияи технологияи истифодаи батареяҳо;
- додани имтиёзҳои иловагӣ ва дигар имтиёзҳо ба ронандагони нақлиёти барқӣ;
- ташаккули маҷмӯи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ.
Дар ин Барнома зикр шудааст, ки қонеъ кардани талабот ба намудҳои нави мошинҳои барқӣ тавассути истифодаи иқтидори корхонаҳои хусусии ватанӣ амалӣ карда мешавад.
Ҳоло дар кишвар як корхона - ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” истеҳсоли оммавии намудҳои нави автобусҳои барқиро ба роҳ мондааст.
Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии рушди нақлиёти барқӣ дар кишвар бо қарори ҳукумат воридоти мошинҳои барқӣ ба муҳлати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст.
Шаҳрдории Душанбе ҳам қарор кардааст, ки то 1-уми сентябри соли 2025 кирокашҳои пойтахт ҳамагӣ бояд мошини барқӣ бошанд.





Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста