То охири даҳаи аввали моҳи август дар Тоҷикистон ҳудуди 324 ҳазор тонна ҳосили мева ва ангур ҷамъоварӣ шудааст. Истеҳсоли мева дар Тоҷикистон 32,4% афзуда, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 73 ҳазор тонна зиёд шудааст. Истеҳсоли ангур низ ба таври назаррас - ба андозаи 38,2% афзудааст.
Дар ин бора аз омори Вазорати кишоварзӣ зикр мешавад. Дар маҷмуъ, дар соҳаи растанипарварӣ дар ним сол ҳаҷми истеҳсол 9% афзуда, ба 15,9 млрд сомонӣ расидааст.
Бояд гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 225 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ шуда буд: 19,5 ҳазор тонна себ, 145,9 ҳазор тонна зардолу, 2,7 ҳазор тонна ангур, ки нисбат ба 7 моҳи соли 2025 хеле камтар аст.
Дар назар аст, ки соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли ангур то 221 ҳазор тонна ва мева то 726 ҳазор тонна расад.
Дар дурнамои дарозмуҳлат афзоиши минбаъдаи истеҳсол пешгӯӣ мешавад, ки соли 2026 ҷамъоварии 926 ҳазор тонна мева ва 375 ҳазор тонна ангур, соли 2027-ум 1 млн тонна менва ва 425 ҳазор тонна ангур ва дар соли 2028-ум 1,085 млн тонна мева ва 477 ҳазор тонна ангур ҷамъовари гардад.
Меваҳо чӣ қадар нарх доранд?
Нархи меваҳо дар Тоҷикистон ба минтақа вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳудуди нархҳо ва арзиши миёнаи онҳоро ба назар мегирем. Дар даҳаи аввали моҳи август меваҳо чунин нарх доштанд:
- ангур аз 4,40 то 20,40 сомонӣ (нархи миёна 10,86 сомонӣ);
- нок аз 8,40 то 35,00 сомонӣ (нархи миёна 16,58 сомонӣ);
- анҷирро аз 10,40 то 34,20 сомонӣ (нархи миёна 22,27 сомонӣ);
- шафтолу аз 5,60 то 20,33 сомонӣ (нархи миёна 11,39 сомонӣ);
- себ аз 5,00 то 12,33 сомонӣ (нархи миёна 7,75 сомонӣ).

Тобистони имсол меваҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 8% қимат шуданд, ки тамоюли умумии болоравии нархҳо ба маҳсулои хӯроквориро нишон медиҳад. Миёни меваҳо болоравии нархи бештар назаррас ба лимӯ (лимон) ба андозаи 14,2% ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 2,2% болоравии нарх ба себ ва 38,2% - ба ангур ба мушоҳида мерасад.
Аз оғози моҳи август болоравии нарх ба лимӯ (14,2%), себ (2,2%) ва ангур (0,4%) ба қайд гирифта шуд. Дар робита ба ангур бошад, пас дар вилояти Хатлон арзиши он ба андозаи 60,2% ва дар вилояти Суғд - 47,6% боло рафт, ки тамоюли афзоиши нарх дар минтақаҳои гуногунро нишон медиҳад.




