Содироти молу маҳсулоти ғайриэнергетикӣ аз Эрон ба Тоҷикистон дар 4 моҳ, аз 21-уми март то 22- июли соли 2025-ум  дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 30% зиёд гардидааст

Бино ба маълумоти нашрияи "TurkicWorld", ки аз ҷониби мақомоти гумруки Эрон пешниҳод шудааст, дар ин давра ба Тоҷикистон, тақрибан 191 ҳазор тонна молу маҳсулот ба маблағи ҳудуди 116 млн доллар оварда шудааст. Барои муқоиса, дар ҳамин давраи соли 2024 ин нишодиҳандаҳо мутаносибан ба 87,8 млн доллар ва 147 ҳазор тонна баробар буданд.

Аз Эрон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти нафту кимиё, маснуоти металлургӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ ворид мешавад.

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Эрон ва Тоҷикистон ба сурати умум ба 144 млн доллар ва 205 ҳазор тонна аз рӯйи вазн расидааст, ки 25,3% зиёдтар дар ифодаи пулӣ ва 29,3% зиёдтар аз рӯйи ҳаҷм нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ба иттилои мақомоти гумруки Эрон, содироти умумии молу маҳсулоти ғайриэнергетикӣ аз кишвар дар зарфи 4 моҳи соли равон бо тақвими эронӣ (аз 21 март оғоз мешавад) 48,8 млн тонна ба маблағи 16,5 млрд долларро ташкил додааст, ки 5,5% камтар дар ифодаи пулӣ ва 1,5% камтар аз рӯйи ҳаҷм нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст.

Муносибатҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Эрон тайи соли ахир ба таври назаррас беҳтар шуда, рӯ ба афзоиш доранд, бахусус дар самти додугирифти молу маҳсулоти ғайриэнергетикӣ. Соли 2024 ҳаҷми умумии савдои дуҷонба ҳудуди 378 млн долларро ташкил дод, ки 50% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст. Чунин афзоиш ба зиёд шудани содироти молу маҳсулоти Эрон, аз ҷумла маҳсулоти соҳаи кимиё ва металлургия, инчунин хӯрокворӣ вобаста аст.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар зарфи 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Эрон зиёда аз 251 млн долларро ташкил додааст, ки беш аз 202 млн доллар аз ин маблағ ба воридоти молу маҳсулот аз Эрон ба Тоҷикистон рост меояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.