Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар сӯхтори бозори «Шоҳмансур» як корманди раёсати оташнишонӣ сахт осеб дидааст. Бо рӯй ва гардани сӯхта корманди Раёсати сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Лутфулло Фармонбеков ба беморхона фиристода шудааст ва дар он ҷо ба ӯ кӯмаки аввалияи тиббӣ расонидаанд. Сухангӯи раёсати сӯхторнишонӣ Толиб Ҳаётов мегӯяд, ки тибқи маълумоти табибон, феълан вазъи саломатии Л.Фармонбеков беҳтар гардида, боиси нигаронӣ нест.
Ёдрас мекунем, ки сӯхтор дар бозори Шоҳмансур» соати 6-и субҳи 10-уми октябр сар зад. Дарҳол ба ҷои ҳодиса 13 гурӯҳи сӯхторнишонӣ ва 6 мошини обпош ҳозир шуданд. Пас аз як соат хомӯш кардани оташ муясаар гардида, майдони оташ тозаву бехавф карда шуд. Ба хомӯш кардани сӯхтор 150 нафар кормандони раёсати сӯхторнишонӣ ва намояндагони мақомоту сохторҳои дигар сафарбар шуда буданд. Оташ масоҳати ҳудуди 1 ҳазору 800 метри мураббаъи бозорро фаро гирифта, маркази тиҷоратии «Наргис», нуқтаҳои фурӯш ва ошхонаҳои наздики он пурра сӯхта нобуд гардиданд.
«Феълан дар ҷои ҳодиса баҳри муайян сохтани сабаби сар задани сӯхтор якчанд гурӯҳҳои фавриву тафтишотӣ кор мекунанд ва натиҷаҳои он пас аз панҷ рӯзи оғози кор маълум мешаванд», - зикр кард Т.Ҳаётов.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста