Афсари Дастаи таъиноти махсуси милиса (ДТММ, ОМОН)-и ВКД ҶТ рӯзи 5-уми сентябр пас аз таҷлили ҷашни 18-умин солгарди таъсиси ДТММ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба рух додани ҳодисаи садамаи нақлиёт боис гардид.

Бино ба иттилои рӯзномаи «ИмрӯзNews», садамаи нақлиёт соати 15:00 дар мавзеи муқобили бинои Сирки давлатӣ, дар майдони назди маркази тиҷоратии «Сафар» рух додааст. Автомашинаи тамғаи Leganza таҳти идораи афсар бо сарулибоси ҷашнӣ барои аз майдон берун рафтан автомашинаро ба «пешу»-у «қафо» идора мекардааст.

«ИмрӯзNews» таъкид месозад, ки дари самти ронанда кушода буда, майори сархуши ДТММ осонакак аз он ба берун меафтад ва автомашина ба ҳаракати худ идома дода, як занро пахш кардааст. Рӯзнома менависад, ҷабрдида таъҷилан ба бемористон фиристода шудааст.

Дар маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз шарҳи ин қазия алҳол худдорӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар маросими таҷлили ҷашни 18-умин солгарди таъсиси ДТММ ВКД ҶТ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карда , бинои нави панҷошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъиноти махсуси милитсияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.