Аз беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки имрӯз 3-июни июни соли 2022, соати 04 субҳ, соҳибкори 52-сола Маҳмад Сафаров шаби сӯхтор дар бозори "Фаровон" ҳудуди 90% баданаш сӯхта буд, ҷон додааст. Ин соҳибкор сокини шаҳри Кӯлоб будааст
Ҷанозаи ин соҳибкор ба зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб бурда шудааст ва имрӯаз дар он ҷо ба хок счупурда мешавад.
Маҳмад Сафаров шаби 1 июн, ҳангоми сӯхтор дар баробари 11 нафари дигар ҷароҳат бардошта буд. Ҷароҳати 11 тани ддигар сабук гуфта мешавад.
Сафаров ва 11 тани дигар дар кадом ҳолат ва чӣ гуна ҷароҳат бардоштаанд , то кунун маълум нест. Вале хабарнигори “Азия-Плюс”, ки он шаб дар ҷойи ҳодиса қарор дошт мегӯяд, бисёре аз соҳибкорон талош доштанд молу колои худро наҷот диҳанд.
Ба гуфти масъулини соҳаи тандурустии шаҳру вилоят, аз 12 нафари ҷароҳатбардошта танҳо Маҳмад Сафаров, ки 90% баданаш сӯхта буд бистарӣ шуд ва дигарон баъди кумаки аввалияи тиббӣ ба хонаҳояшон рухсат шуданд.
Дирӯз, 2 июн соли 2022, Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон хабар дод, ки бино ба маълумоти фаврии гурӯҳи кории таъсисшуда сабаби сар задани сӯхтор расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ дар яке аз ошхонаҳои бозор будааст. Ин ниҳод мегӯяд, ки хлосаи дақиқ аз сабаби сар задани сӯхтор баъди пурра ба анҷом расидани таҳқиқу тафтиши гурӯҳи корӣ пешниҳод мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Тоҷикистон “рӯйхати ҷинояткорон”-е, ки дар Туркия қарор доранд, ба ВКД ин кишвар дод
Ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон муборак!
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста