Дар дурӯзаи сипаришуда дар ҳудуди кишвар се садамаи нақлиёт ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа ду ронанда ва як мусофир ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, 13-уми май, тахминан соати 22:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Долун”, Суҳроб Нуриддинови 45-сола, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе дар километри 31-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба ду автомашинаи дар канори роҳ истода бархӯрдааст.
“Автомашинаи дар канори роҳ истодаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи Бобоҷон Ғозиеви 41-сола ва автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра” таҳти идораи Шокир Ҳайдарови 39-сола буда, дар натиҷаи ин ҳодиса аз роҳи калони мошингард баромада, чаппа шудаанд”, - омадааст дар хабар.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Бобоҷон Ғозиев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Тақдири ҳаёти ду нафари дигар номаълум аст.
Ҳамин тавр, тахминан соати 19:30-дақиқаи 13-уми май, ронандаи, автомашинаи тамғаи “Маз-630305”, Эҳронҷон Очилови 26-сола, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба сангпораҳои канори роҳ бархӯрдааст.
“Дар натиҷа мусофири автомашинаи мазкур Дилшод Очилови 19-сола, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид”, - менависад ВКД.
Ҳамчунин, дирӯз, тахминан соати 13:30-дақиқаи 14-уми май Сафаралӣ Қодирови 34-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ронандаи мототсикли боркаши тамғаи “Хунда” ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба самти ҷамоати деҳоти Даштигулҳо садама карда, дар натиҷа дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.
Гуфта мешавад, Сафаралӣ Қодиров мототсикли боркаши тамғаи “Хунда”-ро ба ҷӯйбори обгузар чаппа намудааст.
Ба иттилои ВКД, дар робита ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста