Наҷотдиҳандагони гурӯҳи махсуси зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Душанбе чанде пеш ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд.
“Дар бораи ин ҳодиса соати 14:46 дақиқаи рӯзи 23 апрел аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба навбатдори фаврии Кумита хабар додаанд. Ғаввосон (водолазҳо) ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади ҷавонро берун оварданд ва ба ихтиёри кормандони милитсия супурданд”, - хабар медиҳад КҲФ-и ҷумҳурӣ.
Шахси ғарқшуда сокини 21-солаи деҳаи Порвори ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон будааст.
“Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаб ва ҳолатҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд”, - хабар доданд аз Кумита.
Ёдрас мекунем, ки тайи рӯзҳои ахир КҲФ дар бораи якчанд ҳодисаҳои фоҷеабор дар обҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ хабар дод.
Аз ҷумла, рӯзҳои 20-21 апрел кӯдаки 2-солаи ноҳияи Шаҳртӯс, сокини 17-солаи шаҳраки Ғарм, ноболиғи 6-солаи деҳаи Гулободи ноҳияи Шаҳринав, духтари 10-солаи деҳаи Шулуми шаҳри Турсунзода ва зани 60-солаи сокини деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷаббор Расулов ғарқ шуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода боисрор аз волидон дархост мекунад, ки кӯдаконро беназорат нагузошта, қоидаҳои рафтор дар обанборҳоро риоя намоянд.
Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон рӯзи 1 июн оғоз мегардад.