Душанбе. 26-уми июни с.2008. ОИ «Азия-Плюс»
- Кормандони Агентии назорати давлатии моливӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ раиси комиссияи танзими расму оинҳои шаҳри Турсунзода Аҳтам Қосимовро ба маҳбас кашиданд.
Аз дафтари матбуоти агентӣ хабар доданд, ки раис ба ҷурми якчанд ҳодисаҳои гирифтани пора гумонбар дониста мешавад. «Аз ҷумла, ӯ барои саривақт ба қайд нагирифтани никоҳ дар мақомоти давлатии қайди ҳолатҳои шаҳрвандӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ аз навхонадорон 200 доллари амрикоӣ гирифтааст, аз навхонадорони дигар барои гузаронидани маъракаи тӯй 190 сомонӣ талаб кардааст ва барои гузаронидани ҷашни зодрӯз аз соҳиби он 200 сомонӣ тамаъ кардааст», - изҳор дошт манбаъ.
Нибат ба аъмоли А.Қосимов тибқи моддаи 319, банди 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Пора гирифтан) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст ва мувофиқи он ба ӯ ҳафт соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.



“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста