24-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ҳаммаслакони Ҷӯраев Низомхон, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Кимиё»-и шаҳри Исфара, собиқ вакили халқи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба Додгоҳи Олӣ ирсол шудааст.
Директори агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимов изҳор дошт, ки агентӣ парвандаи ҷиноии мазкурро нисбат ба 33 нафар ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев ба итмом расонида, ба додгоҳ фиристодааст, ки зарари молиявӣ аз рӯи ин парванда 38 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз шумори 33 нафар 17 нафари онҳо дар ҳабс қарор доранд.
Директори агентӣ ҳамзамон ёдовар шуд, ки аъзои гурӯҳи Н.Ҷӯраев на танҳо ба содир намудани ҷиноёти иқтисодӣ, балки дар ҷиноятҳои қатли муовини прокурори генералии ҶТ Толиб Бобоев, ғоратгарӣ, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, дуздии маблағҳои пулии бо роҳи ҷиноят ба даст омада низ гумонбар дониста мешаванд. «Бар замми ин, гурӯҳи номбурда 16 иншоотии давлатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли рангҳои молиданиро ба маблағи ҳамагӣ 60 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидаст, ки арзиши аслии он ба 700 ҳазор сомонӣ баробар аст ва тибқи қарори Додгоҳи олии иқтисодӣ муомилоти харидуфурӯши ин иншоот ғайриқонунӣ эътироф гардида, он ба моликияти давлат баргардонида шуд», - гуфт Ш.Салимов.
Ба қавли ӯ, 15 иншооти дигар, аз қабили автомашина, бӯстонсаро, манзилҳои зист ва дафтарҳои корӣ таҳти назорат қарор дода шудаанд.
«Низомхон Ҷӯраев айни замон дар ҷустуҷӯ қарор дорад, вале ҳарчанд ба мо макони иқомати ӯ маълум бошад ҳам, бо сабаби идомаи тафтиш аз ифшои он худдорӣ мекунам», - афзуд Ш.Салимов.
Ёдрас мекунем, ки ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев директори корхонаи истеҳсоли консерваи шаҳри Исфара Содир Убайдуллоев, собиқ директори ҳамин корхона Рустам Зикриёев, директор ва сармуҳандиси корхонаи истеҳсоли спирти шаҳри Исфара Шукрулло Деҳқонов ва Аҳмадбой Абдуллоев, сардори шӯъбаи таъминоти корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Бафо Набиев, корманди гурӯҳи фаврии зудамали Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Мирзохалил Раҳмонов, ду нафар соҳибкорони хусусӣ - Абдуқодир Қодиров, Ҳикмат Бурҳонов ва дигарон мебошанд.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста