Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ мурофиаи додгоҳии навбатии парвандаи директори генералии ширкати «Мовароуннаҳр» доир гардид.

Дар мурофиа нишондоди ҷабрдидагон оид ба парвандаи ҷиноӣ нисбати директори генералии ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов шунида шуд.

Ба гуфтаи адвокати айбдоршаванда Шӯҳрат Қодиров, ба ин мурофиа додгоҳ 12 нафар ҷабрдидагонро даъват кард. Баёноти се нафари онҳо – Панҷшанбе Лаълбеков, Ӯлмас Ҷобиров ва Мавҷуда Додоҷонова шунида шуданд.

Ҳамаи ҷабрдидагон чунин ибрози андеша намуданд, ки Ҷ. Охунов танҳо дар сурате, ки айбдориаш беэътибор дониста шуда, озод карда шавад, аз иҷрои ӯҳдадориҳояш дар назди онҳо баромада метавонад.

Ҳангоми баёнотдиҳӣ ҷабрдидагон аз нишондодҳои қаблии худ, ки дар ҷараёни тафтишот изҳор карда буданд, даст кашиданд. Лаълбеков гуфт, ӯ аз ин ширкат манзили дуҳуҷрагӣ гирифтааст, вале ба танҳо дар дасти ӯ будани ҳуҷҷати ин хона шубҳа дорад. Пас аз тасдиқи Охунов, ки ҳуҷҷати ин хона танҳо дар дасти ӯ асту ин ҳуҷҷатҳо ба соҳиби қонунии хона дода шудаанд, Лаълбеков аз баёнотҳои пешинаи худ даст кашид.

Ӯ. Ҷобиров изҳор кард, ки Ҷ. Охунов ба ӯ ваъда додааст, ки маблағи пулиашро дар муддати як моҳ бармегардонад, вале баъди чанде ӯро боздоштаанд. Ӯ низ аз баёноти қаблии худ даст кашид, зеро гуфт, ки агар Охунов дар озодӣ қарор медошт, маблағи пулии ӯро бармегардонид.

Дар бораи бозпурсии ҷабрдидагони дигар иловатан хабар дода хоҳад шуд.

Директори генералии ҶДММ «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов моҳи ноябри соли 2010 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда буд. Баътар ба ин боз як моддаи дигар – «фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ» зам гардид.

Ёдрас мекунем, ки санҷиши фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» ошкор сохт, ки барои сохтмони тамоми иншоот ширкат 135 млн. сомонӣ хароҷот кардааст, ки 108 млн. сомонии онро маблағи саҳҳомон, қарзҳои бонкӣ ва ҳамчунин воситаҳои тендерӣ барои сохтмони иншооти бахши иҷтимоӣ дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.

Маблағи боқимондаи 27 млн сомонӣ воситаҳои шахсии Ҷурабек Охунов мебошанд, ки ба тиҷорати сохтмонии шахсиаш маблағгузорӣ шудаанд. Саҳмҳои хусусии аҳолӣ ба 62 млн. сомонӣ баробаранд.

Мутобиқи хулосаи санҷиш, «маблағҳои гирифта аз саҳҳомон, муассисаҳои бонкӣ ва ғайра мувофиқи таъинот истифода гардида, далелҳои дуздии воситаҳои барои сохтмон ҷудошуда ошкор нагардидааст».

Мурофиаи додгоҳии мазкур таҳти раёсати додраси Додгоҳи Олӣ Шавкат Абдулхайров ҷараён дорад.