Дар шаҳри Қӯрғонтеппа як маҳбуси афвшуда боз даст ба қонуншиканӣ зад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон Ҷӯрахон Мадиев хабар дод, Мирзоҷон Тоҳирови 37-сола, ки рӯзи 20-уми август мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» озод карда шуда буд, шабона дар ҳолати мастӣ тирезаи утоқи кори нозири минтақавиро шикаст. «Ӯ ба кормандони милисаи ба ҷойи воқеъа ҳозиршуда бо корд таҳдид намуда, онҳоро мавриди таҳқир қарор додааст, - гуфт ӯ. - Номбурда ҳамчунин президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро низ таҳқир намуд».

Ба қавли Ҷ.Мадиев, Тоҳиров муддати се соат тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст. «Каме баъдтар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Тоҳировро боздошт намуданд», - гуфт вай.

Нисбат ба ин аъмоли Тоҳиров мутобиқи моддаҳои 137, қ. 1 (Таҳқири оммавии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ё тўҳмат кардан ба ў), 237, қ. 2 (Авбошӣ, ки боиси ворид намудани зарари миёна ба саломатӣ гардида бошад), 255, қ. 1 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 328, қ. 1 (Истифодаи зўроварие, ки барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қаблан Тоҳиров мутобиқи моддаҳои 244 (Дуздӣ) ва 247 (Қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ маҳкум гардида буд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар вилояти Хатлон аз ҷониби боз як афвшуда низ ҷиноят содир шудааст. Сокини ноҳияи Темурмалик Ҳасан Содиқов пас аз озодӣ аз маҳбас то ба хона нарасида, дар роҳи ноҳияи Хуросон як асперо дуздидааст. Ӯ ро низ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зуд боздошт кардаанд.