Норинисо Раҳматова, модари Фирӯза Аъзамова, ки 28-уми ноябр якҷо бо фарзанди 9-солааш аз дасти шавҳараш Зокир Аъзамов аввал куштаву баъдан оташ зада шуд, аз ҳукми додгоҳ шикоят карда, талаб доранд, ки қотил ба ҳукми зиндони абад маҳкум карда шавад.
Зокир Аъзамов, нафаре, ки зану фарзанди худро куштаву оташ задааст, 24-уми феврали соли ҷорӣ, аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд бо се банди моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии кишвар гунаҳкор дониста шуда, ба 23 соли зиндон маҳкум гардид.
Норинисо Раҳматова мегӯяд, “Фирӯза 10 сол пеш бо Зокир Аъзамов оила барпо кард ва бо назардошти бемории дилу фишорбаландӣ доштани ман, аз муноқишаи оилавии худ шикоят намекард. Аммо дар зиндагиашон муноқишаҳо низ рух медоданд”.
“Фирӯза пеш аз кушта шуданаш ба хонаи мо омад. Ӯро шавҳараш бо писараш оварда монду, гуфт, пас аз ду моҳ ба хона мебарад, аммо 2 сол духтарам бо набераам дар хонаи мо зист. Вақте аз шавҳараш хостем, ки ё зиндагӣ кунад ё ҷудо шавад, омада занашро бурд. Аз байн чанд муддат гузашту ҳам духтарам ва ҳам набераамро бераҳмона, бо табар кушт ва болои ин, боз ҷасади беҷони онҳоро оташ зад”, - нақл мекунад Норинисо Раҳматова.
Ин зан мегӯяд, падари Фирӯзаи ҷавонмарг, ки 20 рӯз пеш аз кушта шудани духтараш ба Русия рафта буд, то ҳол хабар надорад, ки духтар ва наберааш аз дасти домодаш кушта шудаанд.
Ҳамакнун, ин модар азм дорад аз болои ҳукми содиркардаи додгоҳи вилояти Суғд ба зинаи болоии додгоҳ шикоят барад.
“Барои куштори ду нафар ва баъдан боз оташ задани ҷасади беҷон, 23 соли зиндон кам аст. Мо ба адолати судӣ бовар доштем ва вакили дифоъ нагирифтем, зеро эътимод доштем, ки ӯ ба ҳабси зиндони абад маҳкум мешавад”, - Норинисо Раҳматова.
Дар ҳамин ҳол, назари ҷониби дигар дар робита ба ин ҳодиса ва ҳукми содиргардида ғайриимкон аст. Кушиши мо барои тамос бо пайвандони Зокир Аъзамов бенатиҷа анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи мазкур санаи 28-уми ноябр дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод рух дода буд. Он замон Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки зани кушташуда 36 сол дошта, писараш ноболиғ буд ва 9 сол дошт.
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Дар Ховалинг як нафар ғарқ шуда, дигарӣ ба ҷарӣ афтод ва ҷароҳат бардошт
Ҳалокати се нафар, зери об мондани садҳо гектар замину хонаи сокинон. КҲФ хисороти боришоти шадиди ду рӯзи охирро гуфт
Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ сохта мешавад
“Вазъи молиявӣ барои ғолибият таъсир намерасонад!”. Дар Тоҷикистон озмуни “Оилаи намунавӣ” идома дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста