Додгоҳи вилояти Суғд Ҳайдар Ҳайдаров, як сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакентро бо иттиҳоми куштори ҳамсараш гунаҳкор дониста, барои 23 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Додгоҳ ӯро бо моддаи 104 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (куштор) гунаҳкор донистааст.
Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Ҳайдар Ҳайдарови 43-сола 14 сол қабл бо Бунафша Сиддиқова оила барпо карда, соҳиби як фарзанд ҳам будааст.
Сабаби куштори ҳамсар бемории Ҳайдар Ҳайдаров гуфта мешавад. Зикр мегардад, ки Ҳайдар Ҳайдаров ба бемории илтиҳоби ғадуди роҳи пешобдон гирифтор шуда, наворҳои гуногуни тарзи табобатро дар телефони худ сабт намудааст.
“Соли 2020 телефонашро ба хоҳари ҳамсараш барои истифодаи муваққатӣ додааст. Баъди ба хотираш омадани наворҳои маҳрамона, телефонро бозпас гирифтааст ва минбаъд аз ҳамсараш гумонбар шудааст, ки гӯё ӯ ҳаёти шахсӣ ва бемории ӯро ба хешовандонаш нақл кардаву наворҳоро ба ҳама паҳн кардааст”, - гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.
Ҳамин тавр, Ҳайдар Ҳайдаров пайваста бо ҳамари худ муноқиша карда, ӯро латукӯб мекардааст.
“27-уми окятбри соли 2022 дар пайи чунин як муноқишаи оилавӣ, Ҳайдаров ҳамсарашро бо бераҳмии махсус, бо истифода аз корди хоҷагӣ ва болға ба қатл расонидааст”, - зикр мегардад дар ҳукми додгоҳ.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста