Сокини 30-солаи ноҳияи Фархор ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд: ба ивази 180 ҳазор сомонӣ ӯ ба ду нафар ваъда додааст, ки ба онҳо дар адои маросими ҳаҷ ёрӣ мерасонад, лекин ба ваъдааш вафо накардааст.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия муайян кардаанд, ки ӯ моҳи январи соли ҷорӣ ба боварии сокини 27-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даромада, аз ӯ 109 ҳазору 934 сомонӣ мегирад ва ваъда медиҳад, ки падару модари ӯро ба ҳаҷи фарзӣ мефиристад, лекин ваъдаашро иҷро намекунад.
Моҳи июни соли равон ӯ бо ҳамин тарз ба боварии марди 67-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даромада, аз ӯ бо ваъдаи мусоидат барои ба ҳаҷи фарзӣ фиристодан 70 ҳазор сомонӣ мегирад, вале боз ҳам ба ваъдааш вафо намекунад.
Дар хабари Вазорат гуфта мешавад, дар натиҷа ба номбурдагон зарари махсусан калони моддӣ расонидааст. Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Дар бораи ному насаб ва ба чӣ кор машғул будани боздоштшуда хабар дода намешавад. Ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, ки бо Вазорат дар тамос шавад.
Ёдрас мекунем, ки гурӯҳи охирини зойирини тоҷик - ҳамагӣ 259 нафар рӯзи 23 июн ба Ҷидда раҳсипор шуд.
Қобили зикр аст, ки имсол Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Нархи сафари ҳаҷ имсол 59 ҳазор сомонӣ (беш аз 5 ҳазор доллар) буд, ки нисбат ба соли 2022-юм 1520 сомонӣ арзонтар аст.
Тайи 5 соли ахир қариб 120 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ маросими ҳаҷро адо карданд. Барои адои маросими ҳаҷ онҳо зиёда аз 500 млн доллар масраф карданд.